13:50 29 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.19
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
98 0 0

Раҳимзода, вазири умури дохилӣ фармон додааст, ки шӯъбаҳои шиносномадиҳӣ фаъолияти шабонарӯзӣ дошта бошанд. Ин фармон дар ҳолест, ки сар аз 1-уми январи соли 2015 вуруд ба Русия танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ мумкин шуд.

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо судури як фармон дар шӯъбаҳои шиносномадиҳии кишвар навбатдории шабонарӯзӣ роҳандозӣ кард, хабар медиҳад сомонаи вазорати дохила.

Ҳадаф аз ин иқдом таъмини фаврии шаҳрвандон бо шиносномаҳои хориҷӣ мебошад.

"Аз он ҷумла дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии вазорати корҳои дохилӣ низ навбатдории шабонарӯзӣ роҳандозӣ шудааст", — менависад сомона.

Инчунин Раҳимзода ба тамоми хадамоти шиносномавию бақайдгирии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷузъу томҳои он супориш додааст, ки ҳуҷҷатҳои шаҳрвандонро омода сохта, ба шаҳри Душанбе барои барасмиятдарории шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ (биометрӣ) ирсол намоянд.

Ин фармон дар ҳолест, ки ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2015 муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия ва сафар ба дигар давлатҳо танҳо бо шиносномаи хориҷӣ сурат мегирад.

Барчаспҳо:
фаъолияти шабонарӯзӣ, фармон, шиноснома, ВКД, Рамазон Раҳимзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ