12:53 23 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Дар ин дидор ба тарҳҳои энержӣ, аз ҷумла иҷрои САSA-1000 ва сохтмони нерӯгоҳи Роғун тавваҷӯҳи бештар шудааст.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Мавзӯъи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва таъсири таҳримот алайҳи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон дар дидори муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон бо муовини ёвари вазири хориҷаи ИМА матраҳ шудаанд, хабар медиҳад сойти вазорати молия.

"Ба рушди бахши энержии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва тарҳи кашидани хати барқи баландшиддати САSA-1000 таваҷҷӯҳи бештар шуд. Зикр шуд, ки ин тарҳ судовар аст ва барои тақвияти ҳамгироӣ дар минтақа иқдоми саривақтӣ мебошад", — омадааст дар хабар.

Зикр шудааст, ки ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи аҳамияти барномаҳои дар пешистода ва зарурати ҳамгироӣ бо Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Сандуқи байналмиллалии пул ва муассисоти дигарӣ молӣ таъкид кардаанд.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи кишвар ба Даниэл Розенблюм барои сӯҳбати пурсамар изҳори сипос карда эълом дошт, ки дар оянда низ ҳамкориҳои ИМА бо Тоҷикистон рушд ва тавсеъа меёбанд.

Сафари ду муовини ёварони вазири хориҷаи ИМА ба Тоҷикистон — Даниэл Розенблюм ва Стивен Фелдштейн аз 2 то 8 феврал сурат гирифтанд.

Розенблюм, ки муовини ёвари вазири хориҷаи ИМА дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, сиёсати ИМА ва равобити дипломатӣ бо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистонро таҳти назорат дорад.

Фелдштейн муовини ёвари вазири хориҷа дар умури демократия, ҳуқуқи инсон ва кор аст.

Мавзуъ

Сафорати ИМА: ду ёвари вазири хориҷа аз Душанбе дидан мекунанд
Барчаспҳо:
ҳамкориҳои ИМА бо Тоҷикистон, музокирот, вазорати молияи Тоҷикистон, Стивен Фелдштейн, Даниэл Розенблюм, Ҷамолиддин Нуралиев, Тоҷикистон, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ