01:52 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Аркадий Бахин, муовини аввали вазири мудофиаи Русия. Акс аз бойгонӣ

Муовини аввали вазири дифоъи Русия ба Душанбе омад

© Sputnik / Артем Житенев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Бар пояи барномаи қаблан тарҳрезишуда мулоқоти ин масъули баландпояи артиши ФР бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Аркадий Бахин, муовини аввали вазири мудофиаи Русия  бо сафари кории дурӯза рӯзи 26 феврал вориди пойтахти Тоҷикистон гардид, менависад сойти ВКХ ҶТ.

Ин мақоми аршади вазорати дифоъи Русия, ҳамзамон Сардори сарситоди Қувваҳои мусаллаҳи он кишвар, генерали артиш- Аркадий Бахинро имрӯз, Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳур ба ҳузур мепазиранд.

Ба иттилои манбаъ, аснои нишаст масоили марбут ба ҳамкориҳои низомӣ ва фанниву дурнамои он ба баррасӣ гирифта шуда, ҷонибҳо атрофи санадҳои қаблан ба  тавофуқрасида ибрози назар хоҳанд кард.

Барчаспҳо:
генерали артиш, баррасии масоили низомӣ, мулоқот дар Душанбе, президенти Тоҷикистон, вазорати мудофиа, Шералӣ Мирзо, Эмомалӣ Раҳмон, Аркадий Бахин, Душанбе, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ