07:47 26 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Матбуоти тоҷик. Акс аз бойгонӣ

“Самак” аз сӯи додгоҳ 10 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
34 0 0

Баҳс сари мақолаи “Зиёиёни бемушкили тоҷик ва ё чаро зиёиён дар мулоқот бо Президент танҳо мадҳия мехонанд?” аст, ки аз соли 2013 инҷониб идома дорад.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Додгоҳи Фирдавсии Душанбе бо даъвои шоири шинохта Аскар Ҳаким, ҳафтаномаи "Самак" ва рӯзноманигори он Шаҳбози Нурро ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Баҳс сари мақолаи "Зиёиёни бемушкили тоҷик ва ё чаро зиёиён дар мулоқот бо Президент танҳо мадҳия мехонанд?" аст, ки аз соли 2013 инҷониб идома дорад.

Ҷасур Абдуллоев, сардабири ҳафтаномаи "Самак" 16 март ба радио гуфтааст, мурофиаи додгоҳие, ки бо даъвои Аскар Ҳаким аз болои ҳафтаномаи "Самак" дар додгоҳи Фирдавсӣ идома дошт, ҳафтанома ва муалифи мақоларо 10 ҳазор сомонӣ ҷарима кард. Абдуллоев афзудааст, ба ҳалномаи додгоҳи Фирдавсӣ розӣ шуда наметавонанд ва алайҳи он ба зинаи болоии додгоҳӣ шикоят хоҳад бурд.

Ёдовар мешавем, ки ин баҳси судӣ дар заминаи як хатои техникӣ ба миён омада буд, ки ҳафтанома пас аз як ҳафта барои роҳ додан ба хатои техникӣ тасҳеҳ дода, онро ислоҳ кардааст.

Илова бар ин, ҳафтанома дар ҳафтаҳои баъдӣ вокуниши Аскар Ҳакимро бо шарҳи ӯ дар саҳифаи нашрия ба табъ расонида буд. Даъвои дигари Аскар Ҳаким дар мавриди дар нохунак гирифтани калимаи зиёӣ буд, ки ба андешаи ӯ ин маънои зиёӣ набуданро ифода мекунад. Дар матлаби мазкур журналист Шаҳбози Нур калимаи зиёиро дар нохунак гирифта буд, ки аз ин Аскар Ҳаким худро таҳқиршуда ҳисобида ба додгоҳ муроҷиат кард.

Барчаспҳо:
вокуниш, соли 2013, туҳмату таҳқир, 10 ҳазор сомонӣ, ҷарима, баҳси судӣ, Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, "Самак", Шаҳбози Нур, Ҷасур Абдуллоев, Аскар Ҳаким, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ