18:27 10 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
15 0 0

Раҳбари кишвар ва ҳамроҳонаш дар ҳамоише ширкат мекунанд, ки ҳадафаш ҳалли мушкилоти об мебошад.

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ҷумъа бо як сафари расмӣ озими Ҷумҳурии Куриё шуд ва дар он ҷо дар кори ҳамоиши ҳафтуми Ҷаҳонии об ширкат мекунад, хабар медиҳад сомонаи раиси ҷумҳур.

Раиси ҷумҳурро субҳ раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, нахуствазир Қоҳир Расулзода ва раҳбари дастгоҳи раиси ҷумҳур Бахтиёр Худоёрзода гусел карданд.

Дар ин сафар раиси ҷумҳурро Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ, ёвари раиси ҷумҳур дар масоили сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллозода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорат Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, мудири Ожонсии захойири давлатӣ Нурмаҳмад Аҳмадов, раиси Комитети умури ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардӣ Аҳтам Абдуллозода ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳамоиши навбатии об зери шиъори "Об-ояндаи мо" дар шаҳри Тэгу-Кенгбук аз 12 то 17 апрел баргузор мешавад. Ин ҳамоиш ба мавзӯъи иҷрои таъаҳҳудоти нишасти 6 ҳамоиш дар Фаронса дар соли 2012 ихтисос ёфтааст.

Ин ҳамоиш ҳадаф дорад таъаҳҳудоти сиёсӣ ва иҷрои амалиёте барои ҳалли масоили мубрам дар мавриди сарфа, ҳифз, танзим ва истифодаи об роҳандозӣ кунад.

Мавзуъ

Дар интизории об: сокинони шаҳраки Сангтӯда бо об таъмин шуданд
Ҳамакнун сокинони шаҳраки Сангтӯда аз обанбор об мегиранд
Ӯзбакистон ташаббуси ҶТ-ро дар мавриди “даҳсолаи об” ҷонибдорӣ накард
Қатъи муваққатии интиқоли об ба сокинони Душанбе
Барчаспҳо:
сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳамоиши об, Эмомалӣ Раҳмон, Куриё, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ