21:00 15 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Боздошти қочоқчиён. Акс аз бойгонӣ

ОНММ оғози амалиёти “Кӯкнор-2015” ва “Раъд-2015”-ро эълом кард

© Sputnik / Владимир Вяткин
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Амалиёти “Кӯкнор-2015” дар ду марҳила – аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр сурат мегирад.

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Амалиёти доманадори зиддимухаддаротии "Кӯкнор-2015" рӯзи чаҳоршанбе оғоз шуда дар ду марҳила сурат мегирад ва дар чаҳорчӯби он якҷо бо пулиси зиддимухаддаротии СПАД амалиёти "Раъд-2015" низ роҳандозӣ мешавад, хабар медиҳад сомонаи Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон.

"Амалиёти "Кӯкнор-2015" дар ду марҳила — аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр сурат мегирад", — омадааст дар хабар.

Рӯзи сешанбе дар ниҳоди зиддимухаддаротӣ нахустин ҷаласаи Ситоди ин амалиёт ба раҳбарии муъовини аввали мудири ожонсӣ, раҳбари Ситоди умумиҷумҳуриявии корӣ сарҳанг Зафар Самадов баргузор шуд.

Ситод барномаи иқдомоти баргузории амалиёт, бо шумули ҳамгиройӣ бо ниҳодҳои интизомӣ барои ҷилавгирӣ аз масирҳои воридот, интиқол, ҷилавгирӣ аз тавлидот ва фурӯши маводди мухаддир ва ҳамчунин ошкорсозӣ ва нобудсозии мавзеъоти кӯкнори худрӯйро таъйид кард.

Зикр мешавад, ки дар чаҳорчӯби "Кӯкнор-2015" ҳамчунин баргузории амалиёти байналмиллалии ҷилавгирӣ аз қочоқи маводдии мухаддири якҷо бо СПАД зери унвони "Раъд-2015" дар назар аст.

Мавзуъ

ОНММ маводди қочоқи симобро ба ҷониби Қирғизистон ирсол кард
ОНММ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 1,2 тонна мухаддиротро забт кард
Дар АНМН “Масири ҳероин” баррасӣ шуд
Боздошти як тоҷикистонӣ дар Маскав бо 70 кг ҳероин
Шаҳрвандони ҶТ бо 10 кг ҳероин дар вилояти Маскав боздошт шуданд
Мусодираи ҳероин аснои амалиёти муштараки хадамоти ҶТ ва ҶҚ
Барчаспҳо:
Кӯкнор-2015, оғози амалиёти зиддимухаддаротӣ, АНМН, Оҷонсии назорати маводи мухаддир, ОНММ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ