03:34 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
6110

Дар иртибот бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон оид ба ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ таваҷҷӯҳи масъулини бозорҳо ва савдои шаҳр оид ба тариқи нархҳои алтернативӣ пешниҳод кардани анвои маҳсулоти ғизоӣ нигаронида шуд.

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Бо супориши мири пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бозорҳои Душанбе дар моҳи шарифи Рамазон фурӯши маҳсулоти ғизоӣ бо нархи дастрас барои сокинон роҳандозӣ мегардад, омадааст дар иттилоияи ҳукумати шаҳр.

"Ҳамарӯза аз ҷониби корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», «Бозори Шоҳмансур», «Бозори  Саховат», «Бозори Деҳқон» ва «Бозори Қарияи боло», инчунин дигар бозорҳои хусусӣ аз ҳисоби захираҳои дохилиашон маҳсулоти ниёзи аввалияи хушсифат, дар радифи дигар соҳибкорон ба савдо гузошта шаванд",-қайд кард раиси Душанбе.

Дар ҷаласа аз ҷумла иброз гардид, ки тибқи нақшаҳои қаблан тарҳрезишудаи шаҳрдорӣ оид ба ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва пурфайз намудани дастурхони сокинон таваҷҷӯҳи масъулини бозорҳо ва савдои шаҳр оид ба тариқи нархҳои алтернативӣ пешниҳод кардани анвои маҳсулоти ғизоӣ ва ба ин васила мусоидат намудан ба пешгирӣ аз болоравии нарх дар бозори истеъмолии шаҳр нигаронида шавад.

Гуфта мешавад, барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва коҳиш додани нуфузи субъектҳои монополистӣ сохторҳои марбутаи назорати давлатӣ тадбирҳои фаврию мақсаднокро роҳандозӣ менамоянд.

Барчаспҳо:
оғози моҳи Рамазон, моҳи шарифи Рамазон, маҳсулоти арзон, бозори Саховат, бозори Деҳқон, бозори "Шоҳмансур", Маҳмадсаид Убайдуллоев, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ