16:49 20 феврали 2018
Пахши мустақим
Марзбонони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Сарбозони тоҷик аз асорати Толибон озод шуда ба хона баргаштанд

© Sputnik / Семиряга
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
20 0 0

Дар ин баёния аз талоши миёнҷигарии амири Қатар бахусус зикр шуда, қайд мегардад, ки барои наҷоти инсонҳо дипломатҳои Қатар аз ҳеч амале рӯ намегардонанд.

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Сарбозони тоҷик, ки аз моҳи декабр ба ин сӯ дар асорати толибони Афғонистон ба сар мебурданд, озод шуда ба хона баргаштанд, менависад АМИТ Ховар.

Қаблан, расонаҳои афғонистонӣ хабар дода буданд, ки дар озодкунии сарбозони тоҷик амири Қатар шайх Тамим Бин Ҳаммад оли Сонӣ саҳми беандоза дошт.

"Сарбозони қисми низомии 2610 Калонов Фарҳод Мухторович, соли таваллудаш 1989, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Шодиев Меҳроҷ Фатҳуллоевич, соли таваллудаш 1994, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, Норбоев Туйчибой Абдусамадович, соли таваллудаш 1995, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ва Давлатов Сироҷ Исломидинович, соли таваллудаш 1991, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Қумсангирро, ки рӯзи 17-уми декабри соли 2014 дар минтақаи сарҳадии 128/2-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби силоҳбадастони номаълум ба қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рабуда шуда буданд, аз асорат озод карда, ба ватан баргардониданд",- омадааст дар хабари манбаъ.

Дар баёнияи мазкур дар бораи ҷузъиёти чӣ тавр раҳо кардани сарбозон ҳарф зада намешавад. Аммо 13-уми июн вазорати корҳои хориҷии Қатар эълон дошта буд, ки сарбозони тоҷик бо миёнаравии дипломатҳои ин кишвар аз асорати гурӯҳи Толибон раҳо шудаанд. Дар баёния гуфта мешавад, ки аллакай ин чаҳор сарбозро ба мақомоти Тоҷикистон супурдаанд.

Сарбозони як қисми низомии 2610 Тоҷикистон, ки ду нафарашон аз шаҳри Душанбе, як нафар аз ноҳияи Қумсангир ва як нафари дигар аз вилояти Суғд мебошанд, 17-уми декабр аз ҷониби афғонҳо аснои ҷамъоварии ҳезум рабуда шуда буданд.

Мавзуъ

Раиси ноҳияи Панҷ: ба ҷои сарбозон “гаравгон”-и Толибон мешавам
Барчаспҳо:
ба ватан баргаштаанд, сарҳадбонон, марз, аз асорат, озодшавии сарбозони тоҷик, вазорати мудофиаи ҶТ, Толибон, Амири Қатар, шайх Тамим Бин Ҳаммад олӣ Сонӣ, Давлатов Сироҷ Исломидинович, Норбоев Туйчибой Абдусамадович, Шодиев Меҳроҷ Фатҳуллоевич, Калонов Фарҳод Мухторович, Душанбе, Кобул, Афғонистон, Қатар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ