21:12 19 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.10
  • EUR10.50
  • RUB0.14
Масҷид

18 июн моҳи Рамазон шурӯъ мегардад

© Sputnik / Руслан Кривобок
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
197 0 0

Ҳар мусалмоне, ки худро барои гирифтани рӯза омода кардааст ва холисона рӯза медорад, гуруснагиву ташнагии ин рӯзҳои гарму тӯлониро таҳаммул хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Бар хилофи солҳои қаблӣ, оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон имсол бо аксарияти кулли кишварҳои мусалмоннишин мусодиф омад. Арабистони Саудӣ ҳам эълон дошт, ки рӯзи нахустини моҳи Рамазон дар он кишвар 18 июн фаро мерасад, тавре ки дар кишвари мо низ ин рӯзро оғози моҳи нав эълон кардаанд.

"Дуруст аст, ки имсол Рамазон дар фасли гармо ва дар дарозтарин рӯзҳои сол иттифоқ афтодааст. Барои инсонҳо рӯза доштан дар ин аём ташнагиву гуруснагиро ба бор меорад, аммо ҳар кӣ сидқан рӯза бидорад, бо итминони комил ин фарзи Илоҳиро анҷом бидиҳад, ташнагиву гуруснагиро таҳаммул хоҳад кард. Аммо ҳар кӣ тардиду шак дорад, хоҳ нохоҳ беқарор мешавад, ташнагиаш дучанд мегардад", — мегӯяд Ҷамолиддин Хомӯшӣ, узви Шӯрои уламо ва корманди Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон.

© Sputnik
Рамазон – моҳи меҳмони Худо

Бино бар қавли оқои Хомӯшӣ, имсол Шӯро бино бар ҳисоби "Эҳҷаззабуд" — гоҳшумории исломӣ ва бо мувофиқаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои кишвар қарори марбут ба оғози Рамазонро содир кардааст.

Зимнан, қарори Шӯрои уламо дар бораи эълон кардани 18 июн ҳамчун рӯзи нахустини моҳи Рамазон 11 июн содир шуд. Ҳамроҳ бо ин қарор Шӯро нисоби закот, садақаи фитр ва фидяи савмро муқаррар кард.

"Нисоби закот имсол аз ҳисоби доллар 1980 доллар муқаррар шудааст. Ҳар кӣ дар хонааш бештар аз ин маблағ пули зиёдати дошта бошад, бояд 2,5 фоизашро закот диҳад. Бо пули сомонӣ ин миқдор доллар баробар ба 12200 сомонӣ баровард шудааст. 2,5 фоизи ин пул 305 сомонӣ мешавад. Аз 400 ҳазор доллар 710 сомонӣ, аз 8 ҳазор доллар 1420 сомонӣ ва ҳамин тавр рӯи ҳам рафта бояд ҳар мусалмони бо имон закот диҳад", — мегӯяд ҷаноби Хомӯшӣ.

Фитри рӯза бошад барои ҳар кадом аъзои хонавода 4 сомонӣ муқаррар шудааст. Фидяи савм (афроди пиру барҷомондае, ки неруи физикии рӯзадориро надоранд, бояд ба муҳтоҷе фидя дар намуди пул ё ғизо пардохт кунанд), барои як рӯзи қазои рӯза 10 сомонӣ таъйин шудааст.

Занҳое, ки тифли кӯчаки ширмак доранд, ё дар ҳолати нифос (40 рӯзи баъд аз таваллуд) қарор доранд, ё дар ҳолати идда (бемории моҳонаи занон) ҳастанд, ҳаққи гирифтани рӯзаро надоранд.

"Рӯза ба ҳар мусалмони болиғ фарз аст. Фарзҳои рӯза инҳоянд: аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб нахурдану наошомидан; дар ин муддат бо ҳамсар қатъи робитаи ҷинсӣ кардан", — илова мекунад узви Шӯрои уламо.

Аммо суннатҳо ва мустаҳаботи рӯза — амалҳои писандидаи рӯзадорӣ — зиёданд. Наозурдани инсонҳо, парҳез аз дашному ҳақорат, парҳез аз тундгӯиву тундхӯӣ, зикри Худо кардан, бечорагонро кӯмак кардан, аз ғайбату дуруғ парҳез кардан ва амсоли ин аз суннатҳои рӯзадорӣ шумурда мешаванд.

Тақвими Рамазон-2015, ки аз ҷониби Шӯрои уламои Тоҷикистон тартиб ёфтааст
Шӯрои уламои Тоҷикистон
Тақвими Рамазон-2015, ки аз ҷониби Шӯрои уламои Тоҷикистон тартиб ёфтааст
Барчаспҳо:
анҷом, оғоз, закот, рӯзадорӣ, суннат, фарз, ҳисоб, тақвим, моҳи шарифи Рамазон, Шӯрои уламои Тоҷикистон, Ҷомилиддин Хомӯшӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ