19:17 24 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

МН санади андозбандии кормандони сафорати ИМА-ро имзо кард

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
15 0 0

Қаблан кормандони маҳалии САҲА дар Тоҷикистон низ аз сӯи парлумон андозбандӣ шуда буданд.

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди андозбандии кормандони маҳаллии Сафорати Амрико дар Душанбе аз сӯи парлумон ба тасвиб расид, менависад сомонаи парлумон.

Ин санад рӯзи сешанбеи 30 июн зимни баргузории ҷаласаи навбатии Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон бо аксарияти орои вакилон қабул гардид.

Парвиз Давлатзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни муаррифии ин санад дар ҳузури вакилон гуфт, ки мавзӯи андозбандии кормандони маҳаллии сафорати ИМА дар Тоҷикистон муддати яку ним соли ахир мавриди музокира қарор дошт, ки дар ниҳоят натиҷаи самарбахш дод.

Ба гуфтаи ҷаноби Давлатзода, тарҳи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба андозбандӣ намудани кормандони маҳаллии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи 29-уми апрели соли ҷорӣ аз ҷониби раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ва сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.

Маблағи андози кормандони маҳаллии сафорати ИМА дар Тоҷикистон 400 ҳазор долларро ташкил медиҳад, навиштааст "Радиои Озодӣ". Қаблан ҳамчунин созишномае миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва САҲА барои андозбандии кормандони маҳаллии ин созмони байналмилалӣ низ имзо шуда ва аз ҷониби порлумон тасвиб шуда буд.

Барчаспҳо:
400 ҳазор доллар, кормандони маҳаллӣ, андозбандӣ, қонун, Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, Парлумон, Умед Давлатзод, Амрико, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ