08:33 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Акси Ҷалолиддин Маҳмудов дар сомонаи расмии ҲНИТ

Додгоҳи Ҳисор парвандаи узви ҲНИТ-ро ба баррасӣ мегирад

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)
6 0 0

Ҷалолиддин Маҳмудов, узви аршади ҲНИТ 10 феврали соли ҷорӣ бо иттиҳоми нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва бо маслиҳати пешакӣ пинҳон кардани он боздошт ва айбдор шуд.

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Парвандаи узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Ҷалолиддин Маҳмудов, аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Ҳисор ба баррасӣ гирифта шуд, менависад хабаргузории "Озодагон".

"Аввалин мурофиаи додгоҳии Маҳмудов рӯзи 7 июли соли равон дар Додгоҳи ноҳияи Ҳисор баргузор мешавад", — гуфтааст Зарафо Раҳмонӣ, яке аз вакилони дифои Маҳмудов.

Ин узви Раёсати олии ҲНИТ бар асоси банди "б", "в"-и қисми 2-и моддаи 195-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳ ва бо маслиҳати пешакӣ пинҳон кардани он айбдор мешавад.

Вай рӯзи 10 феврали соли равон аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд. Ин ниҳод бо нашри изҳороте боздошти Маҳмудовро дар арафаи интихоботи парлумонии кишварро шарҳ дода, гуфт, дар манзили истиқоматии Латиф Сардорови 60-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати Навободи ноҳияи Ҳисор ду таппончаи тамғаи Макаров, чор тирдон, 51 дона тир ва 1 запали таркандаи норинҷаки дастӣ ёфт ва мусодира кардаанд. Ба гуфтаи Сардоров он ҳама ба Ҷамолиддин тааллуқ доштаанд.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо нашри изҳороте боздошт ва таъсиси парвандаи ҷиноӣ алайҳи Маҳмудовро маҳкум карда, онро як амали сирф сиёсӣ ва марбут ба раванди интихобот донист ва аз Эмомалӣ Раҳмон хост, "бо дарназардошти нақши шахсии оқои Маҳмудов дар назорат бар оташбас ва расидан ба сулҳ баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қазияи мазкурро зери назорат бигирад".

13 феврали соли равон Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қарори то ду моҳ дар боздоштгоҳ мондани ӯро содир ва баъдан ин муҳлатро тамдид кард.

Ҷамолиддин Маҳмудов дар баробари узви Раёсати олии ҲНИТ будан, бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон намояндаи ин ҳизб дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар буд.

Мавзуҳо:
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)
Барчаспҳо:
нигаҳдории силоҳ, баррасӣ, ҷиноӣ, парванда, Додгоҳи Ҳисор, ҲНИТ, Зарафо Раҳмонӣ, Ҷалолиддин Маҳмудов, Ҳисор

Мавзӯъҳои асосӣ