15:53 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
КВД Алюмини тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Кумита мегӯяд, миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон баҳси экологӣ нест

Официальный сайт ТАЛКО
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

Шамс Назаров, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, ки Ӯзбакистон нисбати зиёни партовҳои корхонаҳои саноатии тоҷик даъво надорад, беҳтар аст ки зиёни партовҳо он кишвар ҳам баррасӣ нашавад.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Байни Тоҷикистону Ӯзбакистон дар мавзуъи муҳити зист феълан ягон даъво мавҷуд нест, гуфт Шамс Назаров, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон.

"Ӯзбакистон дар гузашта даъво дошт, ки КВД "Талко" ба муҳити зисташ зиён дорад. Онҳо аз рӯи методикаи ба худашон муайян муқаррар мекарданд. Аммо мо аз рӯи методикаҳои худашон мушаххас кардем, ки зиён надорад. Чунки нисбати даврони шӯравӣ истеҳсоли корхона кам шудааст ва партовҳояш низ аз 45 ҳазор тонна ба наздики 20 ҳазор тонна расидааст. На онҳо даъвоҳои моро мепазиранд ва на мо даъвоҳои онҳоро", — афзуд ҷаноби Назаров.

Ӯзбакистон ҳам дар наздикии марзи Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ дорад, ки Тоҷикистон барои мушаххас кардани зиёни он корхонаҳо таҳқиқ гузаронида аст, мегӯяд Назаров. Ба вижа дар наздикии марзи кишвар, дар канори ноҳияи Спитамен, Масчоҳи куҳӣ кишвари ҳамсоя корхонаи семент ва металгудозӣ дорад.

"Мо ба ҷониби Ӯзбакистон пешниҳод кардем, ки як комисияи байни давлатӣ ташкил шавад ва ин мавзуро аз ҳар ду ҷониб омӯзад. Аммо кишвари ҳамсоя таваҷҷуҳ зоҳир накард ва бо ҳамин ин кор натиҷа надод. Ҳоло, ки Ӯзбакистон ягон даъво надорад, беҳтар аст, ки масъаларо дубора бо онҳо баррасӣ накунем", — афзуд Шамс Назаров.

Вай гуфт, хоҳони он аст, ки мавзуи муҳити зист тариқи муколама, гуфтугӯи сиёсӣ ҳал шавад.

Дар гузашта Ӯзбакистон даъво дошт, ки партовҳои Корхонаи воҳиди давлатии Алюмини тоҷик, ки дар ноҳияи Турсунзода дар наздикии марзи Ӯзбакистон ҳанӯз дар даврони шӯравӣ бунёд шудааст, ба муҳити зисташ зиён дорад.

Барчаспҳо:
муҳити зист, зиён, корхонаҳои саноатӣ, партовҳо, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, КВД "Талко", Шамс Назаров, Ӯзбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ