07:18 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Селфароӣ дар ВМКБ

Душанбе аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ кӯмак мехоҳад

© Sputnik / Птицын
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Хисороти ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҳисоби офатҳои табиӣ расида то имрӯз аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ аз даҳҳо миллион доллари амрикоӣ бештар буда, дар аксари рустову мавзеъҳои Бадахшону Зарафшон ва Хатлону Рашт хатари фаромадани сел то ҳанӯз вуҷуд дорад.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби таваҷҷӯҳи созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатӣ барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар кишвар чораҷӯӣ мекунанд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

Ба иттилоъи манбаъ, дар робита ба ин, нахуствазири ҶТ Қоҳир Расулзода бо намояндагии корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, кишварҳои мададрасон ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ мулоқот кард.  Ӯ иштирокчиёни мулоқотро бо сабабҳо, ҳолати ниҳоӣ ва оқибатҳои офатҳои табиии рўзҳои охир ва хисороти он ба мардум ва иқтисодиёти Тоҷикистон шинос намуд.

"Хисороти ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҳисоби офатҳои табиӣ расида то имрӯз аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ беш аз 50 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад", —иброз дошт сарвазири ҷумҳурӣ.

Дар пайи офатҳои табиии рӯзҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷу Дарвоз ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Айнӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд, Панҷ, Ҳамадонӣ, Бохтар ва Ҷилликули вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои гурӯҳи минтақаи Рашт ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шумораи зиёди манзилҳои истиқоматӣ, роҳу кӯпрукҳо, хаттҳои интиқоли барқ ва дигар иншооти таъиноти гуногун хароб гардида, мушкилоти зиёде пешорў гузоштаанд.

Манбаъ меафзояд, аз иштирокчиёни мулоқот даъват ба амал оварда шуд, ки дар барқарорсозӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои таббиӣ дар Тоҷикистон бо ҳукумати ҶТ ҳамкорӣ намоянд.

Ҳамзамон, намояндагии корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, кишварҳои мадарасон ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар навбати худ барои иштирок дар раванди барқарорсозӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон омодагии   худро изҳор намуданд.

Барчаспҳо:
оқибатҳои обхезӣ, хисороти сел, оқибати офатҳои табиӣ, сел дар Бадахшон, нахуствазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, Бадахшон, Рашт, Рӯшон, Ванҷ, Шуғнон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ