04:22 16 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.63
  • RUB0.15
Сел ва обхезӣ дар ВМКБ. 20 июли соли 2015

Раҳмон: то тирамоҳ ба зарадидагон манзили зист бунёд мегардад

Предоставлено Акмалом Ватаншоевым
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)
23 0 0

Зарари офатҳои табиӣ 600 миллион сомонӣ арзёбӣ шуда, таъкид гардидааст, ки он дар пайи гармии бесобиқа дар 71 соли охир барои нахустин бор рух додааст, зеро чунин гарм шудани ҳарорати ҳаво ва боло рафтани оби дарёҳо дар Тоҷикистон бори охир соли 1944 ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, имрӯз, 22-юми июл бо баргузории ҷаласаи ҳукумат барои рафъи оқибати офатҳои табиӣ дар кишвар дастур додааст, ки зарардидагон то моҳи ноябри соли равон соҳиби хонаи нав шаванд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

Дар нишаст қайд гардид, ки дар ноҳияи Шуғнон 72 хона ва дар ноҳияи Рашт 50 манзили зист пурра ва 15 хонаи дигар қисман вайрон шудаанд. Раҳмон таъкид кард, ки манзилҳои тахрибшуда бояд то 6 ноябри соли 2015 пурра барқарор карда шаванд.

"Хонаҳои навсохт бояд бо тамоми ашёи рӯзгор муҷаҳҳаз ва аҳли ин оилаҳо бо сару либос таъмин гарданд",- афзуд райисҷумҳур.

Бо дастури президент тамоми масолеҳи сохтмонӣ ба зарардидагони офатҳои табиӣ аз ҳисоби давлат ройгон таъмин карда мешавад. Ҳамзамон, Раҳмон  супориш додааст, ки аз ҳисоби президент ба оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра хароб шудаанд, 10 ҳазор сомонӣ ва ба оилаҳое, ки хонаҳояшон қисман вайрон шудаанд, 6 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии яквақта дода шавад.

Дар ҷаласаи имрӯза зарари офатҳои табиӣ 600 миллион сомонӣ арзёбӣ шуда, таъкид гардидааст, ки он дар пайи гармии бесобиқа дар 71 соли охир барои нахустин бор рух додааст, зеро чунин гарм шудани ҳарорати ҳаво ва боло рафтани оби дарёҳо дар Тоҷикистон танҳо соли 1944 ба қайд гирифта шудааст.

Мутаасифона, дар пайи офатҳои табии рӯзи 20-уми июл 6 сокини ноҳияи Ванҷ ва як нафари дигар водии Рашт қурбон гардиданд.

 

Мавзуҳо:
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)
Барчаспҳо:
хонаҳои нав барои зарардидагон, хисорот ба 600 миллион сомонӣ расид, оқибатҳои обхезӣ, сел дар Бадахшон, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Рашт, Ванҷ, Бадахшон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ