19:41 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Донишҷӯён дар ҳангоми дарс. Акс аз бойгонӣ

Русия вуруди донишҷӯёни тоҷик ба қаламравашро осон кард

© Sputnik / Александр Гращенков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Зимни нишасти сарони кишварҳои узви созмони Шангхай дар шаҳри Уфаи Русия, ки рӯзҳои 9-10 июл барпо шуд, ҷониби Тоҷикистон аз Русия хостааст, то вуруди донишҷӯёнашро ба он кишвар содда гардонад.

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русия, ки аз он кишвар ихроҷ шудаанд, сар аз моҳи август метавонанд бо муроҷиат ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон давоми 10 рӯз дубора иҷозаи вурудро пайдо кунанд, менависад "Радиои Озодӣ".

Усмоналӣ Латифӣ, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар суҳбат ба "Озодӣ" гуфтааст, дар пайи гуфтушуниди ҷониби Тоҷикистон бо Русия дар мулоқоти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Уфа, ки рӯзҳои 9-10 июл барпо шуд, вуруди дубораи донишҷӯёни тоҷик ба қаламрави он кишвар осон гардид.

Ба қавли Латифӣ, сардори Хадамоти муҳоҷирати Русия Константин Ромодановски дастур додааст, донишҷӯёни тоҷике, ки бо сабаби риоят накардани қоидаҳои кишвараш ихроҷ шудаанд, дар давоми 10 рӯз метавонанд ба намояндагии Хадамот муроҷиат кунанд ва барои вуруди дубора посухи мусбат бигиранд.

Латифӣ афзудааст, ҷониби Тоҷикистон аз Русия хостааст, ки ҷараёни дубора гирифтани иҷозатро барои донишҷӯёни ихроҷшуда осонтар кунад.

"Мо бо Русия як созишнома дорем. Бар асоси ин созишнома, гуруҳи коршиносҳои тарафайн ташкил шуда, аризаҳои донишҷӯёнро ҷамъ карда, баъдаш баррасӣ мекарданд. Мо аз ин ҷо ҳуҷҷатҳоро ҷамъ карда баррасӣ мекардем ва ба Русия пешниҳод менамудем. Русия ду моҳи дигар меомӯхт ва баъдаш қарори дубора ворид шудани донишҷӯёнро содир мекарданд, ки хело вақт мегузашт. Имсол бошад ҳамин мӯҳлатро кам карда, ба 10 рӯз расониданд. Донишҷӯён худашон ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон арзиа дода, дар муддати кӯтоҳ посух мегиранд", — гуфтааст Усмоналӣ Латифӣ.

Соли гузашта зиёда аз 200 донишҷӯи тоҷик, аз қаламравӣ Русия ихроҷ шуда, дубора иҷозаи вурудро гирифта буданд. Донишҷӯёни тоҷик ҳангоми ворид шудан ба қаламрави Русия маъмулан худро ҳамчун донишҷӯ сабт намекунанд. Ё баъзе аз онҳо тариқи Русия ба дигар кишварҳо барои таҳсил мераванд ва инро дар корти муҳоҷират зикр намекунанд ва дар сурати вайрон кардани оддитарин қоидаи он кишвар ихроҷ мешаванд.

Барчаспҳо:
10 рӯз, иҷозат, донишҷӯён, вуруди дубора, ихроҷ, Хадамоти муҳоҷирати Русия, Константин Ромодановский, Усмоналӣ Латифӣ, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ