13:22 28 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
25 0 0

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо баргузории як ҷаласа тасмим гирифтааст, ки як номаи дастаҷамъона ба ҳукумат бифиристад, то ки ҳукумат “дастури хавфнок”-ашро шарҳ бидиҳад.

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Нуриддин Қаршибоев, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон эълон намуд, ки бо як номаи дастаҷамъӣ аз ҳукумат шарҳи протокол дар мавриди нашри иттилооти расмӣ танҳо тариқи АМИТ "Ховар"-ро дархост хоҳанд кард, менависад "Озодагон".

Ин тасмимро Қаршибоев 24 июл зимни як ҷаласаи Шӯро бо ҳузури намояндагон ва сардабирони расонаҳои дигар гирифтааст.

Хабаргузории "Озодагон" суратҷаласа ё протоколи маҷлиси ҳукумати Тоҷикистонро дарёфт кард, ки дар инҳисори хабаргузории "Ховар" қарор додани иттилооти расмии кишварро тасдиқ мекунад.

Дар пайи баррасии ин тасмими ҳукумат дар ҷаласаи Шӯрои ВАО Нуриддин Қаршибоев изҳор дошт, ки мехоҳанд шарҳи расмии ҳукуматро дар мавриди ин тасмим дарёфт кунанд.

"Як номаи дастаҷамъӣ менависем, ки дар он роҳбарони расонаҳо, журналистон ва дигар созмонҳо метавонанд имзо гузоранд", — гуфтааст раиси Шӯро.

Дар мавриди "байкот" ё худ барои як муддат худдорӣ кардани расонаҳои мустақил аз нашри хабарҳои расмӣ ҳозирини ҷаласаи Шӯро хулоса карданд, ки беҳтар аст, нахуст шарҳи ҳукуматро интизор шаванд.

Қаршибоев изҳор дошт, ки дастрасӣ ба иттилоъ ҳуқуқи конститутсионии на танҳо журналистон, балки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст ва дастрасии баробар ба иттилооти расмӣ бояд барои расонаҳои давлатию мустақил таъмин гардад.  

"Набояд барои амбитсияҳои шахсу гуруҳҳои алоҳида ин ҳуқуқи конститутсионӣ нақз гардад", — илова кардааст Қаршибоев.

Ин дар ҳолест, ки дар суратҷаласа ё протоколи маҷлиси ҳукумат ном ва насаби раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон навишта шуда, дар он гуфта мешавад, иттилооти расмӣ ибтидо ба АМИТ "Ховар" ва аз тариқи "Ховар" ба дигар расонаҳо пешниҳод шавад.

Дар суратҷаласаи мазкур аз ҷумла муовини сарвазир сарпарасти соҳа, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Агенти миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар", Раёсати илму маърифат минбаъд ҳамаи хабарҳои расмӣ, маҷлисҳои ҳукумати Тоҷикистон, сафарҳои кории президент дар дохили кишвар ва хориҷ аз он, маҷлисҳо, вохӯриҳо ва ҷамъомадҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳурявӣ ва соҳавии дахлдор ба воистаи "Ховар" нашр ва пас аз он ба дигар расонаҳо фиристода шавад.

Ҳамчунин ин суратҷаласа ба иштироки намояндаи ҳатмии "Ховар" дар чорабиниҳои зикргардида ишора мекунад.

Барчаспҳо:
расонаҳо, маҳдудияти иттилоот, "дастури хавфнок", ҷаласа, "Ховар", АМВАОТ, Шӯрои ВАО, Нуриддин Қаршибоев, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ