14:51 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Қоҳир Расулзода. Акс аз бойгонӣ

Нахуствазир пулҳои ҷудокардаи Э.Раҳмонро ба Бадахшон бурд

© Sputnik / Дмитрий Астахов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)
11 0 0

Дар назар аст Қоҳир Расулзода аз ноҳияи Шуғнон низ дидан кунад ва бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ошно шавад.

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, барои расондани кӯмакпулие, ки аз ҳисоби раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба осебдидагон ҷудо шудааст, дар ноҳияи Ванҷи Бадахшон қарор дорад, менависад АМИТ "Ховар".

Намояндаҳои 5 хонаводаи зарардидаи деҳаи дурдасти Бардараи водии Бартанг низ барои дарёфти кумак аз дасти сарвазир ба Ванҷ интиқол дода шудаанд, омадааст дар хабари оҷонсӣ.

Дар худи ноҳияи Ванҷ аз селу обхеззӣ 11 хона пурра ва 24 хона қисман вайрон шудааст. Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буд, ба хонаводаҳое, ки манзилҳояшон пурра хароб шудааст, 10 ҳазор сомонӣ ва онҳое, ки қисман зарар дидаанд, 6 ҳазор кӯмакпулии яквақтаина расонида шавад.

Дар назар аст, ки баъди расондани ин кумакпулӣ ба сокинони Ванҷ Қоҳир Расулзода озими ноҳияи Шуғнон шавад ва маблағи ҷудокардаи раисиҷумҳурро бирасонад, ҳамзамон аз наздик бо рафти корҳои барқарорсозӣ шинос шавад.

Мавзуҳо:
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)
Барчаспҳо:
қурбониён, 10 ҳазор сомонӣ, кумакпулӣ, минтақаи офатзада, сафар, Қоҳир Расулзода, Шуғнон, Ванҷ

Мавзӯъҳои асосӣ