05:33 16 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.63
  • RUB0.15
Оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ. 17-18 июли соли 2015

Ховар: боздиди вазир аз макони селзадаи ноҳияи Ванҷ

Амир Одинаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)
17 0 0

Вазири корҳои дохилӣ аз аҳвол ва мушкилоти селзадагон дар ноҳияи Ванҷ пурсон шуда, изҳор дошт, ки ҳукумати кишвар барои барқарор намудани зарари оқибатҳои офати табиӣ ҳамаи тадбирҳоро андешида, дар ин радиф кормандони мақомоти корҳои дохилӣ низ кӯмаку ёрии худро аз мардум дареғ намедоранд.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputniк. Вазири умури дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро рӯзи гузашта дар доираи сафари корӣ аз ШВКД-и Ванҷи ВМКБ дидан карда, бо ҳайати шахсии шӯъбаи мазкур мулоқот намуд, менависад АМИТ Ховар.

Оқибати офати табиӣ дар ВМКБ. 20 июли соли 2015
Предоставлено Акмалом Ватаншоевым

"Раҳимзода аснои боздид бо ҷараёни хизмат, фаъолияти кории кормандони шӯъбаи корҳои дохила ва шароити маишии онҳо шинос шуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти хизматӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод",- қайд мешавад дар хабари сарчашма.

Вазири умури дохила гуфт, кормандони милитсия бояд ҳамеша ва дар ҳама ҳолат бо мардум бошанд ва дар бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва дигар мушкилоти онҳо кумаку дастгирии худро дареғ надоранд. Рамазон Раҳимзода пас аз мулоқот бо кормандони полиси ноҳия аз ҷойҳои селзада дидан карда, бо мардуми маҳаллӣ, ки аз офатҳои табиӣ зарар дидаанд, вохӯрд.

Ба иттилоъи манбаъ, вазир аз аҳвол ва мушкилоти мардум пурсон шуда, изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон барои барқарор намудани зарари оқибатҳои офати табиӣ ҳамаи тадбирҳоро андешида, дар ин радиф кормандони мақомоти корҳои дохилӣ низ кӯмаку ёрии худро аз мардум дареғ намедоранд.

Чанд рӯз қабл дар минтақа селу обхезӣ ба вуқӯъ пайвааста, дар ноҳияи Ванҷ аз ин офат 11 хона пурра ва 24 хона қисман вайрон шуда, 6 тани дигар ба ҳалокат расида буданд. Хисороти воридаро ба иқтисоди ноҳия  мақомоти расмт беш аз 40 миллион сомонӣ арзёбӣ мекунанд.     

Мавзуҳо:
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)
Барчаспҳо:
сел дар Ванҷ, сӯҳбати вазир, мулоқоти вазир бо селзадаҳо дар Ванҷ, вазорати корҳои дохилӣ, Рамазон Ҳамро Раҳимзода, Бедак, ВМКБ, Ванҷ, Рашт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ