13:04 16 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.64
  • RUB0.15
Санчагул Ҷӯраева, яке аз сокинони деҳаи Бедак. Акс аз бойгонӣ

Оғози сохтмони манзилҳои нав барои зарардидагони Бедак

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)
21 0 0

Санчагул Ҷӯраева, яке аз зарардидагони офати табиӣ мегӯяд, дар хаймаҳо ҷо гирифтаанд, аммо дохили хаймаҳо рӯзона ниҳоят гарм ва бебарқ аст.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Барои ҳудуди 35 хонаводаи деҳаи Бедаки ноҳияи Рашт, ки аз офати табиии 20 июл комилан зарар дидаанд, сохтмони манзилҳои нав шуруъ шудааст, дар суҳбат бо Sputnik изҳор дошт яке аз зарардидагон Талбихӯҷа Мирзоев.

"Рӯйхат карданд, бурданд. Ҳамон оилаҳоеро, ки тамоман бехона монда буданд, дар хаймаҳо ҷо карданд. Барояшон хонасозиро шуруъ карданд. Ҳоло мақомот ваъда карданд, ки барои онҳое, ки қисман зарар дидаанд, низ кумак мерасонанд", — афзуд Мирзоев.

Санчагул Ҷӯраева, сокини дигари Бедак, ки манзили вай низ ба пуррагӣ хароб шудааст, мегӯяд, феълан бо пайвандонаш дар зери хайма истиқомат доранд ва аз ҷониби мақомот кумаки ғизоӣ мегиранд.

"Замин тақсим карда доданд. Тахтаву семент ҳам оварданд баромон. Чор нафар сарбозро дар ихтиёри мо гузоштанд, дар замине, ки барои мо ҷудо шудааст, ҳоло сарбозҳо пойдевори хонаро сохта истодаанд", — гуфт хонум Ҷӯраева ва илова кард, ки умедвор аст ҳар чӣ зудтар барояш хона бисозанд.

Хонум Ҷӯраева мегӯяд, рӯзона дохили хайма ниҳоят гарм аст ва хатти барқ низ мавҷуд нест. Вай гуфт, 26 июл аз ноҳияи Ваҳдат як мошин тарбуз ва миқдоре ҷиҳози лозимии манзил барояшон расидааст.

Ярче, ки баъд аз нисфирӯзии 20 июл ба вуқуъ омад, танҳо дар деҳаи Бедаки ноҳияи Рашт бештар аз 60 манзили зистро хароб кард. Дар пайи ин офат, як нафар сокини Бедак кушта шуд.

Сокинони ин деҳа қаблан дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik гуфта буданд, ки агар ин офат шабона рух медод, талафоти бештареро дар пай медошт.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни як ҷаласаи ғайринавбатии ҳукумат ба масъулин дастур дод, ки то 6 ноябри имсол барои зарардидагон манзилҳои нав бунёд шавад.

Мавзуҳо:
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)
Барчаспҳо:
бунёди хонаҳо, хайма, зарардидагон, сел дар Бедаки Рашт, кумак, офати табиӣ, Талбихӯҷа Мирзоев, Санчагул Ҷӯраева, Рашт

Мавзӯъҳои асосӣ