12:40 23 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон. 28 июли соли 2015

Ифтитоҳи "Қасри фарҳанг" дар Рӯшон. Бо ширкати Раҳмон

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон (9)
15 0 0

Баъди иштирок дар маросими ифтитоҳи чанд иншоот ва мулоқоташ дар навоҳии Ванҷу Дарвоз субҳи имрӯз раисҷумҳур тариқи чархбол ба ноҳияи Рӯшон парвоз кард.

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Боздиди президенти Тоыикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон аз маросими истиқбол дар фурудгоҳи ноҳия оғоз гардид, менависад сомонаи раисҷумҳур.

"Президент дар ноҳияи Рӯшон ба бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия санги асос гузошт, ки он дар майдони масоҳаташ 0,45 гектар бунёд гардида, аз ду ошёна иборат хоҳад буд",- омадааст дар хабар.

Арзиши лоиҳавии сохтмон 8 миллион сомонӣ буда, аснои бунёди иншоот асосан мутахассисони маҳаллӣ ҷалб мегарданд. Оқои Раҳмон дар сӯҳбат бо сохтмончиён онҳоро ба кори пурсамар ва босифат, риояи тамоми меъёрҳои меъмории шаҳрсозӣ ҳидоят карда, изҳор дошт, ки ин иншоот бояд солҳои зиёд ба мардум хизмат расонад аз ин рӯ он бояд бо сифати хуб ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъмории замони муосир бунёд гардад.

Ба иттилоъи манбаъ, сипас раисҷумҳур дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар маркази ноҳия барои 460 ҷойи нишаст иштирок кард. Корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо соли 2012 оғоз гардида, пудратчии сохтмон ҶДММ "Шарқ" мебошад. Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дар он 12 утоқи корӣ, толори бошукӯҳи замонавӣ ва дигар биноҳои ёрирасон мавҷуд аст. Арзиши лоиҳавии сохтмон 6 миллиону 300 ҳазор сомонӣ аст.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳия мулоқот карда, бо вазъи мардуми минтақа аз наздик ошно шуд. Сафари кории президент дар вилояти Бадахшон то рӯзи 31 июл идома хоҳад кард.  

 

Мавзуҳо:
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон (9)
Барчаспҳо:
сафари президент ба Бадахшон, мулоқоти раисҷумҳур бо фаъолони ноҳия, ифтитоҳи қаср, сел дар Рӯшон, сел дар Бадахшон, Қасри фарҳанги Рӯшон, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Рӯшон, Бадахшон

Мавзӯъҳои асосӣ