11:46 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Симкорти телефон. Акс аз бойгонӣ

Ҷаримаи ширкатҳои мобилӣ барои фурӯхтани симкортҳо бе шиноснома

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
37 0 0

Хадамоти алоқа – ниҳоди танзимкунандаи фаъолияти ширкатҳои мобилӣ - дар шаш моҳи имсол барои фурӯхтани симкорҳо ба шаҳрвандон бидуни шиноснома, ширкатҳои мобилиро беш аз 8 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст.

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон наздик ба 10 ҳазор симкортҳои ширкатҳои мобилиро мусодира кардааст, гуфт зимни нишасти хабарӣ Татяна Холмуродова, муовини раиси ин хадамот.

Вай афзуд, ин симкортҳо барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби ширкатҳо мусодира шудаанд.

"Асосан барои бе шиноснома фурӯхтан симкортҳо аз фурӯш ва истифода боздошта шуданд ва соҳибонашон ҷарима шудаанд", — гуфт хонум Холмуродова.

Масъули Хадамоти алоқа мегӯяд, ки барои ин амалашон ширкатҳои мобилӣ ба маблағи 8 ҳазору 440 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Тибқи омори Хадамоти алоқа, ширкатҳои мобилии Тоҷикистон 11 миллион муштарӣ доранд, ки аз ин миқдор 6,5 миллиони он фаъол ҳастанд. Ба ҳар сад шаҳрванди Тоҷикистон 75,3 телефони мобилии фаъол рост меояд. Аз 100 нафар 44 нафар истифодабарандаи интернет мебошад.

Ба ҳисоби Хадамоти алоқа, сокинони кишвар аз як телефони мобилӣ якҷо бо интернети мобилӣ дар як моҳ ба ҳисоби миёна 39 сомонӣ сарф мекунанд.

Барчаспҳо:
бе шиноснома, фуруш, симкорт, ширкатҳои мобилӣ, ҷарима, Хадамоти алоқа, Татяна Холмуродова, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ