11:21 13 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
237 0 0

“Ховар” даъво дорад, ки иттилои Тоҷикистонро ба “таври фаврӣ ва бо саҳеҳият” манзури хонандагон мегардонад.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Бахши арабии сомонаи расмии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар" дар таҳияи нав фаъол гардид, менависад АМИТ Ховар.

Бахши арабии ин сомона мисли бахшҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ҳуруфоти форсии сомонаи нави АМИТ "Ховар" бо истифода аз усулҳои навтарини барномасозии муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои сомонаҳои хабарии ҷаҳонӣ таҳия шудааст.

"Ховар" менависад, аз ин ба баъд тамоми хабарҳоро бо фаврият ва саҳеҳият бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва ҳуруфи форсӣ ҷойгир нашр мекунад.

"Дар ояндаи наздик ба кор даровардани бахши чинӣ низ дар назар аст", — идома медиҳад "Ховар".

"Ховар" худро манбаи иттилоои расмии Тоҷикистон муаррифӣ карда, пахши ахбори расмӣ бо забонҳои гуногунро аз ҳаводиси кишвар ба зимма гирифтааст.

Ҳудуди як моҳ аст, ки дар фазои иттилоотии кишвар як дастури ҳукумат дар мавриди танҳо аз тариқи "Ховар" пахш кардани иттилои расмии ҳам ҳукумат ва ҳам вазоратхонаҳову кумитаҳо мавриди баҳс қарор дорад. Бархе аз рӯзноманигорон бар ин назаранд, ки дастури ҳукумат ҳуқуқи хабарнигорон ва расонаҳои дигарро дар мавриди дастрасӣ ба иттилоот зери суол мебарад.

Барчаспҳо:
забони хориҷӣ, таъсис, бахши арабӣ, АМИТ Ховар, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ