15:59 12 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ

Шаш нафар дар як рӯз дар пайи садамаҳо фавтидаанд

© Sputnik / Сергей Ещенко
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Рӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ се ҳодисаи нохуши нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 6 кас ба ҳалокат расидаанд.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Ба иттилоъи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи сеюми август дар пайи садамаҳои нақлиётӣ танҳо дар роҳҳои ноҳияи Варзоб 5 нафар ба ҳалокат расидаанд, омадааст дар хабри сомонаи ВКД.

Аз ҷумла, ронандаи 26-солаи "Опел-Астра", сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарё чаппа шудааст.

"Худи ронанда ва аҳли оилаи ӯ — ҳамсари 38-сола ва писарчаи 1-солааш ба дарё ғарқ шуда, ҷасади онҳо то ҳол дарёфт карда нашудааст",- меафзояд манбаъ.

Ҳамзамон, дар пайи ин ҳодиса духтарчаи ноболиғи 6-сола низ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои воқеъа ба ҳалокат расидааст. Мусофирони дигар, марди 36-сола ва зани 22-сола, ки ҳар дуяшон аз шаҳри Панҷакент будаанд, тавонистаанд, аз дарё берун шуда, ҷон ба саломат баранд.

Зимнан, ронандаи мошини боркаши "Дулан", сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз   вилояти Суғд ба тарафи шаҳри Душанбе, дар роҳи ноҳияи Варзоб аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, аз паҳлӯ ва ақиб ба мошини "КАМАЗ-5511" бармехӯрад. "Дар натиҷа "КАМАЗ", ки таҳти идораи ронандаи 23-сола, сокини шаҳри Ваҳдат қарор доштааст, ба чуқурии 120 метр  чаппа шудааст, дар пайи он мусофири "КАМАЗ" ба ҳалокат расида, дигарон бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол ёфтаанд".    

Барчаспҳо:
ҳаракат дар роҳ, марги шаш нафар дар пайи сониҳаҳои нақлиётӣ, садамаи наклиётӣ, ВКД ҶТ, Ваҳдат, Суғд, Варзоб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ