17:23 19 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Ҳаҷҷ. Акс аз бойгонӣ

Баёнияи кумитаи дини ҶТ дар мавриди "ҳаҷҷи хайрия"

© Flickr/ Citizen59
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
33 0 0

Масъулини Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва расму оини Тоҷикистон аз он ибрози нигаронӣ кардаанд, ки бархе афрод бо хабарҳо дурӯғ дар мавриди вуҷуд доштани ҳаҷҷи хайрия миёни мардум нофаҳмиҳо ба вуҷуд оварданд.

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот хабарҳо дар мавриди ташкили "ҳаҷҷи хайриявӣ"-ро такзиб кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории Озодагон.

"Ҳеч гуна ҳаҷҷи хайриявӣ аз ҷониби афроди алоҳида ташкил нашудааст ва хабарҳо дар мавриди сафарбаркунии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ бо ин шева асос надоранд",- омадааст дар баёнияи ин ниҳод.

Ба қавли масъулини кумита, иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар маросими "Ҳаҷ-2015" танҳо тавассути ин ниҳод имконпазир аст. "Арабистони Саудӣ танҳо ба мақомоти давлатии танзимкунандаи сафари зоирон ба ҳаҷҷ иҷозаи сафарбарнамоии ҳоҷиён ба мавсими ҳаҷҷро додааст".

Манбаъ менависад, дар Тоҷикистон танҳо Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ҳаққи ташкили ҳаҷ ва сафарбарнамоии зоирон ба Хонаи Худоро дорад.

Кумитаи дин ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки ба чунин овозаҳои дурӯғин бовар накунанд, то ба доми фиреби қаллобон наафтанд.

Ҳаҷҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом буда, барои ҳар мусалмони ӣа камолрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳар сол аз Тоҷикистон қариб шаш ҳазор ва бештар аз барои зиёрати Хонаи Худо ба Маккаи муккарама мераванд.

Барчаспҳо:
баёнияи Кумитаи дин, аркони панҷгонаи ислом, такзиби хабар дар бораи "ҳаҷҷи хайрия", зиёрати Хонаи Худо, Кумитаи дин, танзими анъана ва расму оини ҶТ, Кумитаи дин, Макка, Арабистони Саудӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ