20:23 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотӣ. 24 июли соли 2015

Тақозои вазир аз масъулини "Шаҳри бехатар"

Предоставлено Мавзуной Абдуллоевой
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Тавассути имкониятҳои Маркази “Шаҳри бехатар” 247 ҳолати баҳси ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бартараф шуда, зиёда аз 140 ҷиноят ошкор ва 767 воситаҳои нақлиёти дар кофтуков қарордошта, боздошт шудаанд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазири умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 7 август, аснои боздид аз "Шаҳри бехатар" аз масъулин иҷрои вазифаҳояшонро "бо дарки баланди масъулиятшиносӣ" талаб кард, омадааст дар хабари сомонаи ВКД ҶТ.

Ба иттилои манбаъ, вазир инчунин таъкид кардааст, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи интизомнокии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ намудани садамаҳои нохуши нақлиётӣ, ҳифзи тартиботи чамъиятӣ ва ба танзим даровардани истифода ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ, махсусан кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе фаъолият пурзӯр карда шавад.

"Генерал Рамазон Раҳимзода барои бартараф намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод".

Чанде қабл дар нишасти хабарии ВКД иброз гардид, ки ҳолати рух додани садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳое, ки камераҳои мушоҳидавӣ насб шудаанд, нисбат ба солҳои пеш 30 фоиз коҳиш ёфтааст.

"Агар дар шаш моҳи соли 2014, 66 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда бошад, дар ҳамин давраи соли равон 49 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Яъне, бартарӣ ва самаранокии фаъолияти "Шаҳри бехатар" назаррас аст", —илова кард вазир.

Маврид ба ёдоварист, тарҳи "Шаҳри бехатар" дар Душанбе бо харҷи 22 миллион доллар амалӣ шуд, ки қисмати зиёдаш қарзи имтиёзноки Чин тавассути Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.  

 

Барчаспҳо:
дидори вазир аз "Шаҳри бехатар", садамаҳо коҳиш ёфтаанд, дурбинҳои назоратӣ, "Шаҳри бехатар", ВКД ҶТ, Рамазон Раҳимзода, Тоҷикистон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ