18:54 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Қоҳир Расулзода. Акс аз бойгонӣ

Нахуствазир дар нақби “Истиқлол” бо коргарону муҳандисон вохӯрд

© Sputnik / Дмитрий Астахов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Марҳилаи аввали таҷдиди нақби «Истиқлол» таъмири қабати болоии роҳи мошингарди онро дар масофаи 9992 метр фаро гирифта, то имрӯз 5320 метри ҷодда барқарор шудааст.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Имрӯз, 11 август нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва таҷдиди роҳи мошингарди нақби «Истиқлол» шинос шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

Марҳилаи аввали таҷдиди нақби «Истиқлол» таъмири қабати болоии роҳи мошингарди онро дар масофаи 9992 метр фаро гирифта, то имрӯз 5320 метри ҷодда барқарор шудааст.

Оқои Расулзода дар қитъаҳои алоҳида бо рафти умури тармиму таҷдиди роҳ ва садбандии маҷрои обҳои зеризаминӣ ошно гардида, бо муҳандисону роҳсозон супоришҳои мушаххас дод.

Тибқи иттилоъи манбаъ, ҳамарўза дар нақб масофаи зиёда аз 150 метр бетонпӯш карда шуда, дар як вақт баҳри бартараф намудани воридшавии обҳои зеризаминӣ ба нақб чораҳои иловагӣ роҳандозӣ мегарданд.

"Нақбсозон нақша доранд, ки корҳои бетонпӯш кардани қабати болоии роҳро ба масофаи 180 метр дар як шабонарӯз анҷом дода, қабл аз мӯҳлат иншоотро супоранд",- омадааст дар хабари сарчашма.

Гуфта мешавад, беҳдошти шароити кори нақбсозон, аз ҷумла пардохти саривақтии музди маош, таъмини  мунтазами иншоот бо масолеҳи зарурии сохтмонӣ ва ба онҳо  бемайлон дастрас намудани маводи ғизоӣ ва сару либоси корӣ дар мадди назари ҳукумат қарор дорад.  

Барчаспҳо:
бинокорон ва сохтмончиён бо маошу ғизо таъминанд, сарвазир аз нақб дидан кард, таъмиру таҷдиди нақб идома дорад, нақби "Истиқлол", нахуствазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, вилояти Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ