19:01 08 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Кишти такрорӣ. Акс аз бойгонӣ

Суғд: вазъи кишоварзӣ дар Зафаробод нигаронкунанда аст

© Flickr / David Wright
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
27 0 0

Дар ҳоли ҳозир, аз 12 шаҳру ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон кишоварзони 10 минтақа кишти такрориро дар заминҳо анҷом дода, нақшаи имсоларо барзиёд иҷро кардаанд.

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд ҷараёни кишти такрорӣ идома дошта, деҳқонони шимоли ҷумҳурӣ то рӯзи 11 август дар майдони беш аз 14 ҳазор гектар киштро анҷом додаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

Ба иттилоъи манбаъ, ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта панҷ дарсад бештар буда, 98,4% нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад.

Масъулини раёсати кишоварзии вилояти Суғд мегӯянд, тибқи нақша соли равон дар вилоят бояд дар майдонӣ 14 500 гектар кишти такрорӣ гузаронида шавад.

Дар ҳоли ҳозир, аз 12 шаҳру ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон кишоварзони 10 минтақа кишти такрориро дар заминҳо анҷом дода, нақшаи имсоларо барзиёд иҷро кардаанд. Деҳқонони шаҳру навоҳии Конибодом — 133 %, Исфара — 132,8 % нақшаро иҷро намуда, зироаткорони Панҷакент  -91,9% ва ноҳияи Зафаробод — 59,1% — и дурнаморо ба анҷом расонидаанд.   

Барчаспҳо:
иҷрои нақшаи дурнамо, кишти такрорӣ дар шимоли кишвар, раёсати кишоварзии вилояти Суғд, Тоҷикистон, Конибодом, Панҷакент, Зафаробод, вилояти Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ