22:01 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Пули ҷадид аз болои рӯдхонаи Ванҷ

Рафъи офатҳои табиӣ: пули Гожак дар Бадахшон барқарор шуд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Пас аз фаромадани сел ва обхезии шадид дар моҳи июли соли равон дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон ҳаракати нақлиёт ба тарафи Мурғоб- Кулма қатъ гардида, мошинҳо аз масири дигар ҳаракат мекарданд, ки масофаи он нисбат ба роҳи Хоруғ- Мурғоб 100 километр бештар буд.

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Пули мошингузари деҳаи Гожаки ҷамоати ба номи Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон, ки дар офатҳои табии моҳи июл тахриб гардида буд, дубора барқарор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

Барои азнавсозии пули мазкур тамоми таҷҳизоту фанновариҳо ва нерӯи кории муассисаи нигаҳдории роҳҳои вилоят «Бадахшонроҳ» сафарбар гардиданд.

Масъулини идораи роҳсозӣ мегӯянд, дар зудтарин фурсат умури барқарорсозӣ анҷом ёфта, ҳаракати нақлиёт тавассути пули Гожак таъмин гардид.

Пас аз фаромадани сел ва обхезии шадид дар моҳи июли соли равон дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон ҳаракати нақлиёт ба тарафи Мурғоб- Кулма қатъ гардида, мошинҳо аз масири дигар ҳаракат мекарданд, ки масофаи он нисбат ба роҳи Хоруғ- Мурғоб 100 километр бештар буд.

Ҳолати аз меёър бештар шудани оби рӯдхонаҳо дар моҳи июл дар дарёҳои Панҷ, Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон, Исфара ва Исфара мушоҳида шудааст. Дар натиҷаи зиёд гардидани оби дарёҳо ва омадани сел сокинони навоҳии Ванҷ, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа, Дарвоз ва Рӯшони вилояти Бадахшон, чанд навоҳии вилояти Хатлон, дар вилояти Суғд навоҳии Айниву Исфара ва ноҳияи Рашти тобеи ҷумҳурӣ зиён диданд.

Дар маҷмӯъ, дар саросари кишвар ба бахши обёрӣ, интиқоли неруи барқ, роҳҳо ва бахши иҷтимоӣ хисороти зиёд расид, ки ин ин зарар ба 600 миллион сомонӣ (наздик ба $100 миллион) баровард карда мешавад. Мутаассифона, офатҳои табиӣ дар бархе аз навоҳии кишвар талафоти ҷонӣ низ дар дар пай доштанд.

Барчаспҳо:
барқарорсозии пули мошингузар, рафъи оқибатҳои офати табиӣ, селу обхезӣ дар Бадахшон, идораи "Бадахшонроҳ", Ҳукумати Тоҷикистон, Танг, Барсем, Гожак, Шуғнон, Мурғоб, Бадахшон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ