04:18 15 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Рамзи ҲНИТ дар қароргоҳи ҳизб дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Анҷумани навбатии ҲНИТ 15 сентябр баргузор мешавад

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)
5 0 0

ҲНИТ дар Анҷумани навбатиаш, ки моҳи сентябри соли равон баргузор мешавад, раҳбари нав итихоб хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Анҷумани ҳисоботӣ ва интихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар он масъалаи тағйироти кадрӣ, бахусус ивази раҳбари он матраҳ хоҳад шуд, 15 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, омадааст дар хабари сомонаи ин ташкилоти сиёсӣ.

Ин тасмимро аъзои раёсатии олии ҲНИТ дар ҷаласаи паси дарҳои бастаи рӯзи ҷумъа дар қароргоҳи ин ҳизб гирифтанд. Ҷузъиёти дигари ҷаласа то ҳанӯз ошкор нест.

Бо даъвати раиси ҲНИТ, аз 5 то 10 августи соли равон, аъзои Шӯрои сиёсии ин ҳизб дар Истамбул ҷаласаи Шӯрои сиёсиро баргузор карданд.Дар он нишаст "сиёсати мақомоти давлатӣ нисбат ба ҲНИТ, роҳҳои пешгирӣ аз фишору маҳдудиятҳо ва ислоҳоти эҳтимолии кадрӣ " баррасӣ шуд.

Муҳиддин Кабирӣ, ки баъд аз даргузашти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар соли 2006 раҳбари ҲНИТ интихоб шуд, шаш моҳ боз дар Истамбул, пойтахти Туркия ба сар мебарад.  

Мавзуҳо:
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)
Барчаспҳо:
ивази раҳбари ҳизб, анҷумани навбатии ҲНИТ, тасмими Шӯрои сиёсии ҳизб, фишор болои аъзоёни ҳизби сиёсӣ, ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ, Истамбул, Туркия, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ