08:19 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Ҳасан Шодиеви 54-сола қаблан 4 маротиба маҳкум шуда, 25 соли ҳаёти худро дар зиндон гузаронидааст.

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 54-солаи ноҳияи Истиқлол хабар дод, ки дар гузашта нисфи умрашро дар маҳбас гузарондааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории Озодагон.

Ба навиштаи манбаъ, дастгиршуда- Ҳасан Шодиев, сокини ноҳияи Истиқлоли вилояти Суғд буда, баъди дуздии як нуқтаи мубодилаи асъор дар шаҳри Душанбе боздошт гардидааст. Номбурда аз як саррофии пойтахт, ки дар наздикии маҳаллаи 82-юм ҷойгир аст, ду ҳазор долларро рабудааст.

"Камераҳои мушоҳидавии ин нуқтаи мубодилаи асъор ба кормандони милиса имконият дод, то шахсияти гумонбар маълум карда шавад",- меафзояд манбаъ.

Ба иттилои расида, Ҳасан Шодиеви 54-сола қаблан 4 маротиба маҳкум шуда, 25 соли ҳаёти худро дар зиндон гузаронидааст.

Дар қиболи боздоштшуда тибқи моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, то кунун 50 ҳолати дуздии ӯ исбот гардидааст, тафтишот бошад дар ин самт идома дорад.

Барчаспҳо:
25 сол дар маҳбас будааст, дастгир шудани як нафар, боздошти як дузд, ВКД ҶТ, Ҳасан Шодиев, Истиқлол, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ