23:40 17 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Бинои ҲНИТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Муовини Кабирӣ: дари ҲНИТ ҳамагӣ якшабонарӯз баста буд

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)
14 0 0

Сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода буд, ки бо сабаби риоя накардани талаботҳои пешгирии сӯхтор утоқҳои кории 6 ҳизби сиёсӣ баста шудааст.

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ мегӯяд, дари утоқҳои кории дафтари ҳизб дар Душанбе аз сӯи сӯхторнишинон ҳамагӣ якшабонарӯз баста буд, хабар медиҳад "Озодагон".

Ҳайит гуфтааст, бо далели мавҷуд набудани васоили сухторнишонӣ гуруҳи кории Хадамоти сухторнишонии ВКД утоқи кории онҳоро дар баста буд.

"Ҳоло дари дафтар боз аст ва мо кӯшиш мекунем, то дар наздиктарин фурсат норасоиҳо ислоҳ шаванд", — афзудааст муовини раиси ҳизб.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз муваққатан баста шудани ҳуҷраи кории чанд ҳизби сиёсӣ бо шумули ҲНИТ ва ҲХДТ дар пайи як санҷиш хабар дода буд. Ба иттилои торнамои расмии ин ниҳод, санҷиши мазкур аз сӯи гуруҳи кории Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД бо ҳадафи пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ва таҳкими бехатарии оташнишонӣ анҷом шудааст.

Мавзуҳо:
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)
Барчаспҳо:
огоҳӣ, санҷиш, фаъолият, сухторнишонӣ, ҲНИТ, Маҳмадалӣ Ҳаит, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ