Ховар: ҳосили ангур ва дигар мевагиҳо афзудааст

© Sputnik / Сергей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкҶамъоварии ангур. Акс аз бойгонӣ
Ҷамъоварии ангур. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 18024 гектар полезиҳо кишта шуданд.

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Дар мавсими имсолаи ҳосили ангур то имрӯз кишвар бештар аз 11 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шудааст, менависад АМИТ Ховар.

Дар ин бора ба Ховар аз Раёсати растанипарварӣ иттилоъ дода ва афзудаан, ки ба ҷуз аз ангур то кунун ба миқдори 30311 тонна мева ғундошта шудааст.

Имсол дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 18024 гектар полезиҳо кишта шуданд.

Ховар менависад, то имрӯз дар ҷумҳурӣ ба миқдори 296 ҳазору 815 тонна ҳосили полезиҳо ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 64 ҳазору 135 тонна зиёдтар арзёбӣ мешавад.

Гузориши вижаи Sputnik аз боғи ангур ва ҳосили имсолаи онро дар фурсатҳои наздик аз ҳамин саҳифа бубинед.

Лентаи хабарҳо
0