09:37 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Ин рутба ба фармондеҳи “ОМОН” –и ВКД аз ҷониби райисҷумҳур дар маросиме бахшида ба 24-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон тақдим гардидааст.

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба полковник Муҳаммадзода Хуршед Иззатулло, сардори "ОМОН"-и ВКД рутбаи генерал-майори милитсия дод, омадааст дар хабари нашршудаи Хадамоти матбуотии раийсҷумҳур.

Ин рутба ба фармондеҳи "ОМОН" —и ВКД аз ҷониби райисҷумҳур дар маросиме бахшида ба 24-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон тақдим гардидааст.

Хуршед Муҳаммадзода, ки қаблан фармондеҳи неруҳои дохилии ВКД буд, баъди ба Сурия фирор кардани полковник Гулмурод Ҳалимов сардори "ОМОН" таъин шуд.

Бино ба хабарҳо Хуршед Муҳаммадзода дар гузашта ба ҳайси муовини Суҳроб Қосим, собиқ фармондеҳи бригадаи алоҳидаи оперативӣ ва зудамали Вазорати корҳои дохилӣ низ кор карда, баъди истеъфои Суҳроб Қосим дар моҳи феврали соли 2007 ҷойгузини ӯ шудааст.

Гулмурод Ҳалимов раҳбари пешини "ОМОН" баъди як моҳи ғайб заданаш аз Душанбе, 27 майи соли равон тариқи як навор дар интернет эълон кард, ки ба созмони террористии "Давлати исломӣ" пайвастааст.

Барчаспҳо:
амри президент, сардори ОМОН генерал шуд, унвони генералӣ, президенти Тоҷикистон, ОМОН, ВКД ҶТ, Хуршед Изатулло Муҳаммадзода, Эмомалӣ Раҳмон, Сурия, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ