21:16 30 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
22 0 0

Дар иншоот барои табобати бемориҳои равонӣ 80 кат ва барои табобати бемориҳои наркологӣ 40 кат ба нақша гирифта шудааст.

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафараш ба Кӯлоб барои бунёди Маркази перинатологии минтақавии Беморхонаи вилоятии клиникии шаҳри Кӯлоб ва Беморхонаи бемориҳои руҳӣ ва наркологӣ санги асос гузошт, менависад сомонаи президент.

Президент страны Эмомали Рахмон в понедельник утром прибыл с рабочим визитом в Куляб
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Беморхонаи бемориҳои руҳӣ ва наркологӣ тибқи лоиҳаи иншоот аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати сохтмони он 5658 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар иншоот барои табобати бемориҳои равонӣ 80 кат ва барои табобати бемориҳои наркологӣ 40 кат ба нақша гирифта шудааст.

Дар тарҳи ошёнаи таҳхона дармонгоҳ, озмоишгоҳи клиникӣ, бахши ташхисӣ ва экспертизаи наркологӣ, ҳамзамон Маркази экспертизаи тиббию судии минтақаи Кӯлоб ҷойгир карда мешаванд.

Тибқи ҳисобҳои пешакии мутахассисони Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи "Корезлоиҳа" маблағи сохтмони иншоот 12 миллиону 680 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 1 миллиону 440 ҳазор сомонӣ барои таҷҳизоту лавозимоти зарурии тиббӣ равона гардидааст.

Дар ду иншоот дар назар аст, ки баъди бунёд беш аз 500 нафар мутахассисони ҷавони соҳа бо кори доимӣ таъмин гарданд.

Маркази перинатологии минтақавии Беморхонаи вилоятии клиникии шаҳри Кӯлоб бошад, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак сохта мешавад.

Марказ аз таваллудхона, шӯъбаҳои бемориҳои навзодон ва кӯдакона, наҷот, бемориҳои занона, ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи табобати оҷилӣ ва бахшҳои ҷарроҳӣ равона гардидааст.

Барчаспҳо:
сохтмон, санги асос, беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Кӯлоб

Мавзӯъҳои асосӣ