02:37 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Норбибӣ Дӯстмуродова ва Абдураҳмон Қодирӣ аснои ифтитоҳи пул

Кампир ба Ҳаҷ нарафт ва 105 ҳазор сомониро барои бунёди пул сарф кард

© Сайт администрации Согдийской области
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
25 0 0

Ду пул дар ҳузури мардум бо ширкати раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба истифода дода шуданд.

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Норбибӣ Дӯстмуродова, ки 16 сол боз бо нияти сафари Ҳаҷ маблағ ҷамъ мекард, пулҳои пасандозашро барои сохтани ду пули мошингузар дар зодгоҳаш сарф кардааст, менависад сомонаи ҳукумати вилояти Суғд.

"Пулҳое, ки бо маблағи Норбибӣ Дӯстмуродова сохта шудаанд, 1-уми сентябр бо ширкати раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба истифода дода шуд. Ин ду пули мошингузар деҳаҳои Метку Хишекати ноҳияи Ғончиро ба ҳам мепайвандад",- омадааст дар хабари нашршуда.

Манбаъ меафзояд, Норбибӣ Дӯстмуродова, чун зани қавииродаву баландҳиммат дар минтақа ном бароварда, айни ҳол нафақахӯр мебошад ва давлати пирӣ меронад.

Гуфта мешавад, Норбибӣ Дӯстмуродова аз ҳисоби маблағҳои нафақа ва кори деҳқониаш, ки дар давоми 16 сол 105 ҳазор сомонӣ ҷамъ овардааст, ният доштааст, ки ба зиёрати Хонаи Худо ба Каъба сафар кунад. Аммо ӯ бунёди кӯпруку ободонии роҳ ва осон намудани мушкили чандинсолаи сокинони ин деҳаҳоро авлотар дониста, 105 ҳазор сомонии ба ин ният ҷамънамудаашро барои хурсандии халқу ободии Ватан нисор кардааст.

Чанд рӯз қабл ду пул дар ҳузури мардум бо ширкати раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба истифода дода шуданд.

Мавзуъ

Ҳаҷ 2015 –23 ҳазор сомонӣ арзиш дорад
Барчаспҳо:
105 ҳазор сомонӣ, пулсозии як кампир дар Ғончӣ, Ҳаҷҷ, ҳукумати вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ, Норбибӣ Дӯстмуродова, Тоҷикистон, Ғончӣ, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ