08:43 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Дар қадимтарин сарчашмаи таърихии миллати мо - китоби Авасто омадааст, “марди шуҷоъро Худо ва инсонҳо дӯст медоранд, зеро ӯ гумони нек дорад ва марди далеру қавӣ дар корзор қуввати дили дигарон мебошад ва аз корзор намегурезад”.

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik.  Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар маросими таҷлили 20-умин солгарди таъсисёбии Горди миллӣ онро воҳиди махсус  номид, ки дар ташаккули низоми мудофиавии кишвар нақши муҳим дорад, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии президент.

Ба навиштаи манбаъ, сарвари давлат гуфт, горди миллӣ дорои иқтидори комил ва омодабошии баланд буда, ҷиҳати ҳимояи истиқлолият, ҳифзи амнияти милливу давлатӣ, иштирок дар муҳофизати иншооти муҳимми давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин барои иҷрои дигар вазифаҳое, аз ҷониби роҳбарияти мамлакат гузошта мешаванд, таъсис дода шудааст.

"Мо ин воҳиди низомиро дар даврае таъсис додем, ки кишварамон дар вазъи ниҳоят вазнину ҳасос қарор дошт",-афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳур бо қаноатмандӣ аз фаъолияти ин ниҳод иброз дошта, идома дод, ки Горди миллӣ дар солҳои мавҷудияти худ дар бисёр набардҳои сангин фаъолона иштирок кард ва ҳайати шахсии он фидокориву шуҷоат нишон дода, барои таъмини оромӣ ва суботи ҷомеа саҳми сазовор гузоштааст. Ба қавли ӯ, фаъолияти бистсолаи Горди миллӣ собит месозад, ки он ҳоло ба мактаби омодасозии кадрҳои ба халқу миллат содиқу вафодор табдил ёфтааст ва хизмат дар сафҳои он мояи ифтихори ҳар як ҷавони ватандӯсту ватанпарвар мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст, дар қадимтарин сарчашмаи таърихии миллати мо — китоби Авасто омадааст, "марди шуҷоъро Худо ва инсонҳо дӯст медоранд, зеро ӯ гумони нек дорад ва марди далеру қавӣ дар корзор қуввати дили дигарон мебошад ва аз корзор намегурезад".

"Ҳукумати мамлакат бо истифода аз тамоми воситаву имконият барои беҳтар намудани шароити фаъолияту зиндагии хизматчиёни ҳарбии ин ниҳоди қудратманд ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, вазъи таъминоти хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бо манзили истиқоматӣ хеле беҳтар гардида, то имрӯз аллакай қариб 500 оила аз чунин ғамхории ҳукумати кишвар баҳравар шудаанд".

Раисиҷумҳур дар охири суханрониша ба роҳбарону хизматиёни Горди миллӣ гуфтааст, "итминони комил дорам, ки хизматчиёни ҳарбии Горди миллӣ савганди ёдкардаи худро ҳамеша пос медоранд, ба халқу Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон минбаъд низ содиқона хизмат мекунанд".

 

Барчаспҳо:
мардони шуҷоъ, суханронии президент, 20-солагии таъсиси Горди миллӣ, Горди миллӣ, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ