11:25 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Гуруҳи тафтишотӣ аз амволи ғайриқонунии Назарзода дарак дод

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Балвои генерал: аз Душанбе то Ромит (22)
12 0 0

Дар пайи тафтишот муайян шудааст, ки собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода соҳиби истироҳатгоҳҳо дар Варзоб, ширкати сохтмонӣ, хоҷагии кишоварзӣ, коргоҳи дузандагӣ, коргоҳи нонпазӣ, тарабхона, толори варзишӣ, хоҷагии чорвопарварӣ ва хоҷагии асппарварӣ мебошад.

ДУШАНБЕ, 8 сен —Sputnik. Гуруҳи тафтишотии парвандаи Абдуҳалим Назарзода, ки дар ташкили ду ҳамлаи мусаллаҳона ба кормандони пулис дар шаҳрҳои Ваҳдату Душанбе айбдор мешавад, амволи собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистонро ҳисоб кардаанд, менависад  хабаргузории Озодагон бо истинод ба Додситонии кулл.

Тибқи гузориши ин гуруҳ, Абдуҳалим Назарзода соҳиби истироҳатгоҳҳо дар Варзоб, ширкати сохтмонӣ, хоҷагии кишоварзӣ, коргоҳи дузандагӣ, коргоҳи нонпазӣ, тарабхона, толори варзишӣ, хоҷагии чорвопарварӣ, хоҷагии асппарварӣ мебошад.

Тавре хабаргузории Озодагон менависад, тафтишот муайян кардааст, ки гӯиё Назарзода бинои Донишкадаи геодезии Академияи улумро дар гузаргоҳи 3-юми маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ соҳиб шуда, баъди таъмир ба манзили истиқоматӣ табдил додааст.

Назарзода дар 50 гектар замини атрофи ин донишкада гӯйё худсарона нуқтаҳои таъмири воситаҳои нақлиёт, хоҷагии ёрирасон барои парвариши нигоҳдории чорво ташкил намудааст. Инчунин муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон дар азхудкунии хоҷагии деҳқонии "Тобистон", ки 148 гектар заминро фаро мегирад, муттаҳам мешавад.

Дар гузориши гуруҳи тафтишотӣ таъкид мешавад, ки хоҷагии номбурда чор маротиба бо қарори додгоҳ ба ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Ваҳдат гузошта шудааст, аммо Назарзода бо роҳҳои гуногун, бо ҳалномаи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон баҳсро ба манфиати худ ҳал намудааст.

Ҳамзамон, гурӯҳи тафтишотӣ муайян намудааст, ки собиқ муовини вазири мудофиа дар кӯчаи Аҳмади Дониш кафе-бари "Бахтиёр"-ро бунёд кардааст. Ба ғайр аз ин, дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб як мағозаи фуруши маҳсулоти чорво ва коргоҳи дузандагӣ вуҷуд доранд, ки тибқи бархе маълумот ба зани сеюми Ҳоҷӣ Ҳалим тааллуқ доранду инчунин соҳиби се истироҳатгоҳ дар Варзоб мебошад, ки гаронарзиш мебошанд.

Мавзуҳо:
Балвои генерал: аз Душанбе то Ромит (22)

Мавзуъ

Бозтоби ҳолномаи Назарзода дар расонаҳо: аз “сникерсхӯр” то генерал
Барчаспҳо:
тафтишоти парвандаи генерал, ҳисобу китоби амвол, дороиҳои генерал Назарзода, истироҳатгоҳ дар Варзоб, кафе-бари “Бахтиёр, Донишкадаи геодезии Академияи улум, ВКД ҶТ, Додситонии кулли Тоҷикистон, Ҷунайдулло Умаров, Абдуҳалим Назарзода, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ромит, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ