22:29 21 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Сайидмукарам Абдукодирзода. Архивное фото

Абдуқодирзода: ҳамла дар Ваҳдату Душанбе кори ҷонибдорони ҲНИТ аст

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)
40 0 0

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон бори дигар аз сокинони кишвар даъват кард, ба ҳарфу гуфтаҳои масъулини аҳзоби исломӣ бовар накунанду аз ин гуна ҳизбҳо дурӣ биҷӯянд, зеро ба қавли ӯ, пушти аксари аҳзоби исломӣ кишварҳои абарқудрат ё худ ҳамон кофирҳо истодаанд.

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдуқодирзода ҳамлаҳои мусаллаҳона алайҳи кормандони пулис дар шаҳрҳои Ваҳдату Душанберо кори ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), ягона ҳизби сиёсии динӣ дар Осиёи Марказӣ хонд.

Абдулқодирзода рӯзи 11 сентябр дар намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, чанд тан аз узви ҲНИТ, ки зоҳиран суфуфи ин ҳизбро тарк карда буданд, дубора ба кори "худ" шурӯъ карданд.

"Боз ба даст силоҳ гирифтанду хуни мусулмонро резонданд. Хуни суннию ҳанафимазҳаб рехтанд",- иброз дошт ӯ.

Ба қавли раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, омилони ҳамлаҳои хунини Ваҳдату Душанбе барои анҷоми ин кори худ аз берун дастур гирифта буданд, дар сурати иҷро нашудани ин амал онҳоро марг интизор буд.

"Чаро чунин карданд?! Дар хориҷу дохил қасру кушк доштанду ҳамаро бо роҳи ҳаром аз худ карданд, боз чаро чунин карданд?! Барои он боз даст ба ин кор заданд, ки хоҷагони хориҷиашон инро мехост. Наметавонистанд, ин корро накунанд. Агар намекарданд, онҳоро марг интизор буд ва ҳоло ки анҷом доданд, боз ҳам онҳоро марг интизор аст", — афзуд муфтӣ.

Оқои Абдуқодирзода дар идома аз Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифои кишвар ва маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" ном гирифта, гуфт, ӯ модари тоҷикро боз гирён кард.

"Як бор хиёнат карда буданд. Боз хиёнат карданду чанд мусулмонеро куштанд. Модари тоҷикро боз гирён карданд", — илова кард вай.

Раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон иддаои масъулини ҲНИТ дар мавриди узви ин ҳизб набудани омилони ҳамлаҳои 4 сентябрро "ҳилаву найранг" хонд. Вай бори дигар ҳаводиси солҳои 90-умро кори ҲНИТ хонда, таъкид кард, ки он замон ин ҳизб бо содир кардани фатво мардумро ба майдонҳо даъват кард.

"ҲНИТ ин фатворо содир карда буд, ки агар ба майдон наравед, зани Шумо се талоқ хоҳад шуд ва чанд чаламуллои дигар ин фатворо миёни мардум паҳн карданд. Магар талоқи зани марде дар дасти як ҳизб аст?! Магар ҳизбе метавонад, зани касеро ба ҷои ӯ талоқ бидиҳад?! Бо ин роҳ мардуми мусулмонро фирефта карда, ба майдонҳо кашиданд",- афзуд Абдуқодирзода.

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон бори дигар аз сокинони кишвар даъват кард, ба ҳарфу гуфтаҳои масъулини аҳзоби исломӣ бовар накунанду аз ин гуна ҳизбҳо дурӣ биҷӯянд, зеро ба қавли ӯ, пушти аксари аҳзоби исломӣ кишварҳои абарқудрат ё худ ҳамон кофирҳо истодаанд.

Ин ҳарфҳои раиси Шӯрои уламо дар ҳоле садо медиҳанд, ки 4 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ваҳдату Душанбе алайҳи кормандони пулис, аз ҷумла Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамла сурат гирифт, ки дар пайи он наздик ба 10 корманди мақомоти қудратии кишвар кушта шуданд. Вазорати умури дохилии кишвар бо нашри изҳороте ин ҳамлаҳоро кори дастаи террористие хонд, ки гӯиё аз сӯи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ташкил гардидааст. Масъулини ВКД дар изҳороти худ таъкид карданд, ки муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон узви ҲНИТ аст.

Мавзуҳо:
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)

Мавзуъ

ОМОН-и зиндамонда: ҳамаи қаҳрамонон мурданд...
Барчаспҳо:
такрори кори соли 1990, марг ба хоинон, кори дасти ҷонибдорони ҲНИТ, муфтӣ дар бораи ҳамлаҳо, Масҷиди марказии Душанбе, Шӯрои уламои ҶТ, ҲНИТ, Абдуҳалим Назарзода, Ҳоҷӣ Ҳалим, Саидмукаррам Абдулқодирзода, Ромит, Ваҳдат, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ