14:48 20 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи СПАД. 2 апрели соли 2015

Ҳамдардии раисҷумҳур ба хонаводаи афроди ҳалокшуда

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Президент ба аҳли оила ва наздикону пайвандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ки дар ҷараёни амалиёти вижа ҷиҳати маҳви гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба номи “Ҳоҷӣ Ҳалим” кушта шудаанд, изҳори ҳамдардӣ кард.

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои мақомоти дахлдор супориш дод, ки оилаҳои шахсони ҳалокшударо бо кумаку ғамхории ҳамаҷониба фаро гиранд, омадааст дар хабари сомонаи президенти ҶТ.

Президент ба аҳли оила ва наздикону пайвандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ки дар ҷараёни амалиёти вижа ҷиҳати маҳви гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба номи "Ҳоҷӣ Ҳалим" кушта шудаанд, изҳори ҳамдардӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон ба кулли ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомие, ки дар ин амалиёти махсус ширкат намуданд ва ба ҳамаи шаҳрвандоне, ки "дар самти дастгир кардани террористон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ фаъолона ҳамкорӣ доштанд, изҳори миннатдорӣ намуд".

Амалиёти вижаи мақомот алайҳи гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" баъд аз ҳамлаи бомдоди 4 сентябр ба ШКД-и Ваҳдат ва Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа дар Душанбе шурӯъ гардид.

Барчаспҳо:
ҳамдардӣ, изҳори тасаллият, "Алфа", ОМОН, Дастаи таъиноти махсуси ВКД, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Ваҳдат, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ