Раисҷумҳур аз мардум хост, зиракиро аз даст надиҳанд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон ҳамватанонро бо фарорасии Иди қурбон табрик кард
Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанонро бо фарорасии Иди қурбон табрик кард - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вай гуфтааст, Иди қурбон бо ҳамин хусусиятҳои неку инсондӯстонааш дар миёни мардуми шарифи Тоҷикистон ва дигар мусулмонони дунё мақоми басо арзишманд дорад.

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми табрикотӣ ба муносибати Иди қурбон аз шаҳрвандони кишвар хост, зиракиро аз даст надиҳанд, менависад сомонаи президент.

"Иди қурбон аз ҷумлаи арзишҳои муқаддаси суннатии мардуми мусулмони мо буда, одамонро ба корҳои хайру саховат ва амалҳои нек ҳидоят менамояд ва дар қалби ҳар фарди мусулмон ниҳоли меҳру муҳаббатро нисбат ба ҳамдигар решадор месозад", — гуфтааст раисҷумҳур.

Вай гуфтааст, Иди қурбон бо ҳамин хусусиятҳои неку инсондӯстонааш дар миёни мардуми шарифи Тоҷикистон ва дигар мусулмонони дунё мақоми басо арзишманд дорад.

"Ҳар яки мо бояд бо арҷ гузоштан ба ин арзишҳо бо илму фарҳанг, ҷавонмардиву саховатмандӣ ва ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат бошем ва барои эъмори як ҷомеаи пешрафтаву солим саъю талош намоем", — илова кардааст президент.

"Хусусан, дар шароити торафт тезутунд гардидани раванди ҷаҳонишавӣ, ки баъзе қувваҳои носолим дини мубини исломро ҳамчун воситаи ангезишҳои сиёсӣ ва амалӣ намудани манфиатҳои гурӯҳӣ истифода мебаранд, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳем", — хотиррасон кардааст раисҷумҳур.

Вай гуфтааст, "дар ин рӯзи муборак бо нияти саодату некбахтии ҳар як сокини Тоҷикистон орзу менамоям, ки бигзор ин сарзамини сарсабзу ободи мо ва мардуми шарифу сарбаланди он аз ҳама газанду офатҳо дар амон бошанд".

Бино бар қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон, Иди қурбон дар кишвар 24 сентябр таҷлил хоҳад шуд. Шӯро вақти намози Идро соати 7 субҳ эълон кардааст.

Лентаи хабарҳо
0