09:39 23 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.13
  • EUR10.63
  • RUB0.14
Нуриддин Қаршибоев. Акс аз бойгонӣ

Қаршибоев: ҳукумат расонаҳоро “ҳокимияти чорум” намедонад

Страница Н. Каршибоева в Facebook
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Ӯ вазъи озодии расонаҳо ва озодии баёнро дар Тоҷикисон мушкил арзёбӣ кардааст.

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Раиси Анҷумани миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев 21 сентябр аснои суханронӣ дар нишасти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Варшава дар бораи вазъи озодии баён ва дастрасӣ ба иттиллоъ дар Тоҷикистон суҳбат кардааст.

Ӯ вазъи озодии расонаҳо ва озодии баёнро дар Тоҷикисон мушкил арзёбӣ кардааст.

"Агар дар ибтидои сол таъсири буҳрони молӣ таҳдид мекард, акнун вазъияти иҷтимоӣ-сиёсӣ ба озодии баён таъсири манфӣ мерасонад", — гуфтааст Қаршибоев.

Ҷаноби Қаршибоев дар нишасти Варшава бо ишора ба қазияҳои ахири Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ин ҳаводис вазъиятро дар кишвар тезутунд кард.

"Ба тарғиботи давлатӣ мусоидат намуда, мунҷар ба истифодаи забони "душманӣ" ва пушиши яктарафаи авзоъ шуд", — изҳор доштааст ӯ.

Ба таъкиди Нуриддин Қаршибоев, ҳукумати Тоҷикистон расонаҳои мустақилро на ҳамчун "ҳукумати чорум", балки ба ҳайси "козел отпущения" мешиносад. Раҳбари НАНСМИТ афзудааст, ки кодекси ҷиноии Тоҷикисон моддае дорад, ки барои таҳқири намояндаҳои ҳукумат ва раиси ҷумҳур ҷазо пешбинӣ кардааст.

"Ба ин тартиб, намояндагони ҳукумат аз интиқод ба муҳофизати вижа таъмин мешаванд", — илова кардааст Қаршибоев.

Ба ҳисоби Қаршибоев, тайи солҳои 2013-2015 теъдоди парвандаҳои шаҳрвандӣ ва маъмурӣ бо иштироки рӯзноманигорон ва расонаҳо ба 14 адад расида, як мавриди таъқиби ҷиноятӣ ҳам ба қайд гирифта шудааст. Ӯ шикастани почтаҳои электронӣ, сафҳаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва гӯш кардани суҳбатҳои телефонии фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиву рӯзноманигоронро аз чолишҳои дигари Тоҷикистон ном бурд.

Барчаспҳо:
парванда, таъқид, маҳдудият, озодии баён, расонаҳо, НАНСМИТ, Нуриддин Қаршибоев, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ