Табрикоти Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон аснои ироаи табрикот ба мардуми кишвар дар иди Саиди Фитр
Эмомалӣ Раҳмон аснои ироаи табрикот ба мардуми кишвар дар иди Саиди Фитр - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президент мегӯяд, мо бояд талош намоем, ки забони тоҷикӣ ҳамеша ҳамин гуна нуфузу мақом дошта, асолати худро ҳифз ва ба халқи азизамон хизмат намояд

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолааш бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир мардум ва ба хусус наврасону ҷавонон талош мекунанд ба забони давлатӣ сӯҳбат кунанд ва меъёрҳои забонро риоя намоянд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии президент.

"Дар кишвари маҳбубамон ҳар сол рӯзи 5 — уми октябр Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Ба ин муносибат тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ ва дӯстдорони забони ноби тоҷикиро табрик гуфта, барои ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ орзу менамоям",- бо чунин суханон табрикоти сарвари давлат оғоз мешавад.

Ба иттилоъи манбаъ, Раҳмон қайд кардааст, ки ҳоло барои рушду инкишофи забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва тамоми асноди қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ таҳия мегарданд ва рӯзномаву маҷаллаҳо, китобҳои дарсиву таълимӣ, оммавию бадеӣ ба забони давлатӣ ба нашр мерасанд.

"Мо бояд талош намоем, ки забони тоҷикӣ ҳамеша ҳамин гуна нуфузу мақом дошта, асолати худро ҳифз ва ба халқи азизамон хизмат намояд",- иброз доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

"Забон дар ҳама давру замонҳо барои муаррифии миллат рукни муҳим ва муқаддас ба шумор рафта, поку беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи ҳар як соҳибзабон ва шахси ватандӯст мебошад.Арҷ гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи меъёрҳои он шароит фароҳам месозад, ки балоғат ва фасоҳати забон густариш ёбад, сохтори он такмил гардад ва қонунмандии рушди забони давлатӣ тақвият ёфта, инкишофи бонизоми он таъмин карда шавад",- мӯътақид аст раисҷумҳур.

Маврид ба тазаккур аст, ки тарҳи нахустини Қонуни забон дар рӯзи 22-юми июли соли 1989-ум, дар пайи талошҳои як идда аз рӯшанфикрони тоҷик, тазоҳуроту гидиҳамоии ҷавонон ва баҳсҳои шадид дар матбуоти кишвар аз ҷониби Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қабул гардид.

Тӯли 20 соли ахир, дар Тоҷикистон  рӯзи 22-июл ҳамчун "Иди забон" таҷлил мегардид, вале парлумони кишвар 5 октябри соли 2009 тарҳи нави Қонуни забонро тасвиб кард ва рӯзи Иди забонро ба панҷуми октябр кӯчонд.  

Лентаи хабарҳо
0