22:51 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

АНМН: ҷазои интизомии 9 корманд ва баррасии камбудҳо

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Инчунин омилҳо ва шароитҳо, ки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта мусоидат намуданд, таҳлил ва баррасӣ гардиданд.

Душанбе, 12 окт — Sputnik. Дар давоми 9 моҳи фаъолияти ахири Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон 6 корманди ин ниҳод барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст, — менависад, сомонаи агентӣ.

Тибқи иттилои манбаъ, 10 октябр дар Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нӯҳ моҳи ахири ин ниҳод дар ҳузури директори агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назарзода баргузор шудааст.

"Баъд аз шунидани ҳисоботи раҳбарони воҳидҳои дастгоҳи марказии агентӣ ва раёсатҳои минтақавии он як қатор камбудиҳои ҷойдошта дар ташкили кори ҷузъу томҳои таҳлилии агентӣ таҳлил ва муҳикима карда шуда, барои бартараф намудани онҳо, инчунин баҳри иҷроиши чорабиниҳои ба нақша гирифта шуда вазифаҳои мушаххас дода шуданд", — меафзояд, сомонаи агентӣ.

Дар ҷаласа ба диққати роҳбарони ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон баъзе аз камбуду норасоиҳо дар ташкили санҷиши нозиротӣ, ошкор ва қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки робитаҳои байнидавлатӣ доранд, ишора шуда, барои бартараф кардани онҳо баъзе аз пешниҳодҳо ҳам сурат гирифтааст.

Инчунин омилҳо ва шароитҳо, ки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта мусоидат намуданд, таҳлил ва баррасӣ гардиданд. "6 нафар командони Агентӣ ба ҷазои интизомӣ кашида шуданд, аз ҷумла муовини сардори Раёсати Агентӣ за вазифа озод карда шуд", — афзудааст, манбаъ.

 

Барчаспҳо:
агентӣ, маводи нашъаовар, генерал, ҷазои интизомӣ, Тоҷикистон, Душанбе, ҷаласаи ҳисоботӣ, Рустам Назарзода, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ