23:18 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Бинои дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур. Акс аз бойгонӣ

Парлумон дар ҷои шаҳрдорӣ, шаҳрдорӣ ба ҷои дастгоҳи иҷроия мекӯчанд

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Тахриби биноҳо дар Душанбе: сокинон муқобиланд (7)
15 0 0

Шаш иншоот дар Душанбе тахриб шуда, ба ҷои нав мекӯчанд- бинои парлумон, дастгоҳи иҷроияи президент, ҳукумати пойтахт, театрҳои ба номи Маяковский ва Лоҳутӣ, инчунин чойхонаи “Роҳат”.

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Биноҳои шаҳрдории пойтахт, дастгоҳи иҷроия раисҷумҳур, театрҳои Лоҳутиву Маяковский, инчунин чойхонаи маъруфи "Роҳат" тахриб мешаванд, гуфт Нуралӣ Саидзод, муовини аввали раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар сӯҳбат бо Sputnik.

"Бинои ҳукумати шаҳр, инчунин иншоотҳои мавҷуда дар квартали Рӯдакӣ-Ниёзӣ-Бухоро кӯчонида мешаванд",- қайд кард ӯ.

Дар ин маҳаллаи номбурда театрҳои ба номи Маяковский, ба номи Лоҳутӣ ва дастгоҳи иҷрояву чойхонаи "Роҳат" ҷойгир мебошанд.

Ба қавли Саидзод, тахриби ин биноҳо дар оянда ба назар гирифта шудааст.

Муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҶТ афзуд, парлумони кишвар ба ҷои ҳукумати шаҳр ва шаҳрдорӣ дар навбати худ ба ҷои дастгоҳи иҷроияи президент хоҳанд кӯчид.

"Дар мо ҳоло театрҳо мерасанд. Дар ҷараёни кор маълум мешавад, ки онҳо дар куҷо ҷойгир хоҳанд шуд",- иброз дошт Саидзод.

Мавзуҳо:
Тахриби биноҳо дар Душанбе: сокинон муқобиланд (7)

Мавзуъ

Яке аз қадимтарин кинотеатрҳои Тоҷикистон дар Душанбе тахриб мешавад
Барчаспҳо:
нақшаи генералии пойтахт, пойтахт, тахриби биноҳо, кӯчонидани биноҳо, ҳукумати шаҳри Душанбе, театри Лоҳутӣ, театри ба номи Маяковский, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҶТ, Нуралӣ Саидзода, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ