03:19 22 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
14 0 0

Табибони пойгоҳи низомии “201”-и Русия дар Тоҷикистон тамрини табобатиеро гузарониданд. Дар ин тамрин онҳо тавонистанд, сирояти вирусеро ошкор карда, “беморон”-ро табобат кунанд.

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Табибони пойгоҳи низомии "201"-и Русия дар робита ба пешгирӣ намудан аз сирояти вирус дар Тоҷикистон тамринеро баргузор карданд, менависад, дафтари матботи Округи марказии Вазорати дифои Русия.

Дар ин тамрин онҳо тавонистанд, сирояти вирусеро ошкор карда, "беморон"-ро табобат кунанд.

"Табибон бо зуҳури нишонаҳои бемории вирусӣ дар чанд тан аз беморон миёни сарбозони пойгоҳи "201" кор карда, дар як муҳлати кутоҳ бемории сироятиро ошкор намудаанд ва минтақаи карантиро муайян сохта, "беморонро" дар шуъбаи бемориҳои сироятӣ бистарӣ намудаанд", — афзудааст, манбаъ.

Пойгоҳи 201, ки дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Душанбеи Тоҷикистон мустақар аст, калонтарин воҳиди низомии Русия дар хориҷи ин кишвар арзёбӣ шуда, беш аз 7 ҳазор нафарро фаро мегирад. Соли 2013 раҳбарони Тоҷикистону Русия зери созишномае имзо гузоштанд, ки муҳлати будубоши ин пойгоҳ дар хоки кишварро то соли 2042 тамдид кард.

Барчаспҳо:
пойгоҳи 201, табибон, тамрин, пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон, Тоҷикистон, Кулоб, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ