23:49 08 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо мошин дар роҳи нави Айнӣ-Панҷакент

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд идома дорад

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

Шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мусоидат ба беҳдошти шароити иҷтимоии аҳолӣ аз ҳадафҳои аслии сафари президент ба шимоли Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафари серӯзаи худ ба вилояти Суғдро субҳи якшанбе аз ноҳияи Айнӣ оғоз карда, дар ин ҷо маҷмааи таърихӣ ва фарҳангии Нақибхон Туғрали Аҳрориро ифтитоҳ кард.

Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

"Кохи фарҳанг ба хотири 150-солагии шоири маъруфи тоҷик Нақибхон Туғрал бунёд шуда, қиматаш ба 5 миллион сомонӣ баробар аст".

Ба иттилои дафтари матбуотии сарвари давлат, дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи шимоли кишвар роҳи навсозишудаи Айнӣ-Панҷакент мавриди истифода қарор гирифт. Бозсозии ин роҳи 112-километрӣ, ки солҳои ахир вазъи баде дошт ва равуои сокинонро сангинтар мекард, моҳи октябри 2012 шурӯъ шуда буд.

Президент яке аз нахустинҳо шуда, бо мошин аз ин роҳ гузашт ва дар суҳбат бо сокинони Панҷакент гуфт, ки барои бозсозии он 115 миллион доллар сармояи Бонки Осиёии Рушд ва ширкати сохтмонии "Сансиян Бейсин"-и Чин сарф гардидааст.

Сипас, раисҷумҳур дар Панҷакент навбати дуюми коргоҳи заршӯии Корхонаи муштараки "Зарафшон"-ро, ки бо арзиши 160 миллион доллар бунёд шудааст ва дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 11 ҳазор тонна маъданро дорад, ба истифода супурд.

Мавриди истифода қарор гирифтани навбати дуюми коргоҳи заршӯӣ имкон медиҳад, ки  ҳар сол ба маблағи 550 миллион сомонӣ, ё 2,2 тонна тилло истеҳсол карда шавад.

Ҳамзамон, шоми дирӯз дар шаҳри Панҷакент Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии "Шаҳзод"- и ҷамоати деҳоти ба номи Халифа Ҳасан дидан намуд. Ӯ ба хоҷагидорон барои пешбурди кори деҳқонӣ барору комёбӣ таманно намуд ва барфи аввалине, ки имрӯз дар шаҳри Панҷакент борид барои кишоварзон манбаъи файзу баракат арзёбӣ кард.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур мегӯяд, оқои Раҳмон дар ҷараёни ин сафараш аз ноҳияҳои Ғончӣ, Истаравшан, Қайроққум ва Бобоҷон Ғафурову Хуҷанд низ боздид хоҳад кард.

Шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мусоидат ба беҳдошти шароити иҷтимоии аҳолӣ аз ҳадафҳои аслии сафари президент ба шимоли Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

Барчаспҳо:
роҳи мошингард кушода шуд, сафари президент, боздиди Раҳмон аз вилояти Суғд, ифтитоҳи Кохи фарҳанг, ширкати сохтмонии “Сансиян Бейсин”-и Чин, Бонки Осиёии Рушд, Корхонаи муштараки “Зарафшон, президенти Тоҷикистон, Маҷмааи таърихӣ ва фарҳангии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон, Душанбе, Панҷакент, Айнӣ, вилояти Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ