22:51 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Президенти Тоҷикистон аз болои пули нав мегузарад

Суғд: ронандагии президент дар роҳҳо ва ширкати ӯ дар ифтитоҳи корхона

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

Тайи се рӯзи ахир боздиди Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳадаф аз он "шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншоот” арзёбӣ мегардад, идома дорад.

Душанбе, 20 окт — Sputnik. Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Корхонаи ресандагӣ ва бофандагии "Ресандаи Тоҷикистон" дар шаҳри Хуҷанд иштирок кард.

Ба иттилои дафтари матбуотии сарвари давлат, корхонаи мазкур бар ивази 2 миллион сомонӣ бозсозӣ шуда, солона 4,5 ҳазор тонна нахи пахта коркард ва ба маблағи 35 миллион сомонӣ риштаи пахтагин истеҳсол хоҳад кард. Корҳои навсозии корхона бо дастгирии ширкати олмонии "БИМЭКО" сурат гирифта, дар навбати аввал 350 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Раҳбари Корхонаи "Ресандаи Тоҷикистон" соҳибкор Равзанабону Неъматуллоева буда, коргоҳи ресандагиро аз ширкати "Сомон Суғд" ба иҷора гирифтааст.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд. Боздиди президент аз Ғончиву Истаравшан. 19 октябри соли 2015
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар ҳоли ҳозир идома дорад. Раисҷумҳур ба хотири шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мусоидат ба беҳдошти шароити иҷтимоии аҳолӣ рӯзи 18 октябр озими вилояти Суғд шуд.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба хотири шинос шудан бо вазъи роҳҳои мошингард дар шимоли кишвар бо роҳи заминӣ ба вилояти Суғд сафар карда, аз ҳолати роҳҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Ғончӣ, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Чкаловск, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Қайроқум бевосита ошно шудааст.

"Аз ҷумла, дар як қитъаи роҳи мошингарди навбунёди Айнӣ-Панҷакент президент шахсан пушти чамбари мошин нишаста, сифати ин роҳро аз назар гузаронида, ба самараи кори роҳсозони тоҷику чинӣ баҳои баланд дод", — навиштааст, манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, зимни шиносоии Эмомалӣ Раҳмон камбудиҳои ҷузъӣ дар роҳи Айнӣ-Панҷакент ошкор шудаанд. Вале ибрози умедворӣ шудааст, ки бо поён ёфтани муҳлати сохтмон ҳамаи нуқсонҳои ҷойдошта бартараф хоҳанд шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба шимоли кишвар тавассути нақлиёт аз нақби тозатаъмиршудаи "Истиқлол" убур карда, ба сифати корҳое, ки барои такмили пурраи ин нақб идома дорад, баҳои баланд додааст.

Барчаспҳо:
роҳ, пахта, соҳибкор, корхонаи ресандагӣ, Суғд, сафари корӣ, Раҳмон, нақб Истиқлол, нақб, Эмомалӣ Раҳмон, вилояти Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ