05:28 10 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Бунёди роҳҳо ва пулҳо дар манотиқи марзии Исфара ва Бобоҷон Ғафуров бо вилояти Бодканди Қирғизистон аз ҷумлаи масоили мавриди баррасӣ дар ин нишаст арзёбӣ мегардад.

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи марз ва масоили марбути он оғоз шуд.

Раёсати ҳайатҳоро муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон- Азим Иброҳим ва Абдураҳмон Маматалиев ба ӯҳда доранд.

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, гуфтушуниди аъзои Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон то се рӯзи дигар идома хоҳад кард. Дар ин гуфтугӯҳо танҳо масоили марзӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Бунёди роҳҳо ва пулҳо дар манотиқи марзии Исфара ва Бобоҷон Ғафуров бо вилояти Бодканди Қирғизистон аз ҷумлаи масоили мавриди баррасӣ дар ин нишаст арзёбӣ мегардад.

То ин рӯз аз 976 километр марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла, такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1924, соли таъсиси Тоҷикистону Қирғизистон боис ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ба тавофуқ нарасиданд.

Ба иттилоъи расида, Қирғизистон ба тақрибан 2,5 ҳазор гектар замин дар дохили қаламрави Тоҷикистон даъво дорад. Тоҷикистон ба навбати худ иддао дорад, ки дар натиҷаи иҷорадиҳии заминҳои кишту чарогоҳ, ки байни ҷумҳуриҳои ИҶШС роиҷ буд, 143 ҳазор гектар заминаш дар ихтиёри Бишкек боқӣ мондааст.

Барчаспҳо:
Чоркуҳ, Исфара, Бодканд, пулҳо, руоҳҳо, Бишкек, сарҳад, душанбе, марз, Қирғизистон, Тоҷикистон, баҳси масоили марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, Азим Иброҳим, Абдураҳмон Маматалиев, Бишкек, Қирғизистон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ