Заминларза дар Тоҷикистон

Паёмади заминларза дар Бадахшон: беш аз 10 хона хароб шудааст

© Sputnik / Борис Кауфман / Гузариш ба медиабонкПаёмади заминларза дар Қайроқум
Паёмади заминларза дар Қайроқум - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Ишкошим, ки аз маркази заминларза 65 километр дур ҷойгир аст, ду манзили истиқоматӣ комилан хароб шуда, боз 4 тои дигар қисман зарар дидаанд. Инчунин бинои як мактаб ҳам осеб дидааст.

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дар пайи заминларза дар вилояти Бадахшони куҳӣ беш аз 10 манзили истиқоматӣ зарар дид, — хабар додааст, дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон субҳи сешанбе.

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар ноҳияи Ишкошим, ки аз маркази заминларза 65 километр дур ҷойгир аст, ду манзили истиқоматӣ комилан хароб шуда, боз 4 тои дигар қисман зарар дидаанд. Инчунин бинои як мактаб ҳам осеб дидааст.

Симои шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Зилзилашиносони тоҷик: иқтидори заминларза 6-7 бал буд

Дар ноҳияи Роштқалъа, ки тобистони соли равон сел омада буд, ду хона қисман хароб шуда, 3 тои дигар дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
"Фавран барои баҳодии вазъ ва муайянсозии хисорот комиссия ташкил карда шудааст. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст", — меафзояд, манбаъ.

Марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон заминларзаи 7,5 баллиро ба қайд гирифтаанд, ки соати тақрибан 14:09 бо вақти Душанбе Тоҷикистонро ҳам такон додааст. Дар пойтахти Тоҷикистон иқтидори он 5-6 бал гуфта шуд.

Ин заминларза Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Непал, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Қазоқистонро ҳам ларзондааст, ки дар ду кишвари аввалӣ талафоти ҷонӣ аз худ боқӣ гузошт.

Лентаи хабарҳо
0