05:37 18 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Раҳмон аз аҳамияти Конститутсия дар рушди кишвар ёдовар шуд

© Sputnik / Лидия Исамова
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
48 0 0

Сарвари кишвар бар он бовар аст, ки қабули Конститутсия аз иродаи қавии сокинони кишвар шаҳодат медиҳад.

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шаҳрвандони кишварро бо Рӯзи Конститутсия табрик гуфта, аз аҳамияти таърихии қабули ин санад ёдовар шуд.

Сарвари кишвар бар он бовар аст, ки маҳз дар айёми ҳассоси таърихӣ қабул шудани Конститутсия шаҳодат аз иродаи қавии сокинони кишвар медиҳад. Аз ин рӯ, ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбор наметавонанд сокинони кишварро аз роҳи эъмори давлати муосири миллӣ берун созанд.

"Дар заминаи татбиқи бомароми меъёрҳои конститутсионӣ дар кишвари мо волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин ифтихори милливу худшиносӣ ба сатҳи арзиши ҳамешагии ҷомеа бардошта шуд", — зикр кард Раҳмон.

Президент таъкид кард, ки фаъолияти озоди иқтисодиву соҳибкорӣ дар асоси кафолатҳои конститутсионӣ тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии кишварро таъмин намуда, барои муайян кардани сиёсати мутавозин, хусусан, дар самти паст кардани таъсири манфии буҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисоди миллӣ асоси боэътимод гузошт.

"Мо дар даврони истиқлол бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ба шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст", — таъкид дошт сарвари кишвар.

Ӯ мардуми Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи Конститутсия табрик гуфт ва ба хонадони ҳар фарди кишвар сулҳу оромӣ, иқболу хушбахтӣ ва файзу баракат орзу кард.

Барчаспҳо:
табрикот, Рӯзи Конститутсия, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ